27 Феврал 2016

Мутобиқи он дар соли 2016 15 грантҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, аз ҷумла 5 грант ҳар яке 5000 сомонӣ, 5 грант ҳар яке 3000 сомонӣ ва 5 грант ҳар яке 2000 сомонӣ, барои рушди ҳунарҳои дастӣ ва меҳнати хонагӣ муайян карда мешавад.
Грантҳо барои дастгирии ҳунармандон дар самти қолинбофӣ, кешбофӣ, атласу адрасбофӣ, читгарӣ, сӯзанидӯзӣ, қуроқдӯзӣ, дӯхти тоқиҳои миллӣ барои ҷавонон, мӯҳрабофӣ, сабадбофӣ, гаҳворасозӣ, сандуқсозӣ, заргарӣ, қаннодӣ, косибӣ ва гулпарварӣ пешбинӣ гашта, тариқи озмун ба лоиҳаҳои беҳтарини пешниҳодшуда дода мешавад.
Маблағи умумии грант 50 ҳазор сомонӣ буда он дар арафаи ҷашни 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида мешавад.