07 Феврал 2016

Дар ин рӯз бештар аз 80 нафар сокинон ба мақомоти маҳаллӣ омада, бо Раҷаббой Аҳмадзода мулоқоти бевосита намуданд.
Раиси шаҳри Хуҷанд бо мақсади ҳалли мушкилот ва баррасии масъалаҳои ҳалталаби шаҳрвандони муроҷиатнамуда, сокинонро бо усусли «Равзанаи ягона» қабул намуд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳбарони воҳидхои сохтори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд супориш дод, ки тамоми муроҷиати сокинон бояд дар мӯҳлати муқарраргардидаи қонун баррасӣ гардида, аз натиҷаи он сокинон огоҳ бошанд.