12 Январ 2016
Имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода аз лоиҳа ва нақшаи бунёди ин мавзеи фароғатӣ дидан намуд. Дар асоси нақшаи лоиҳавӣ дар шафати ёдгории шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ сохтмони фавора бо гулгашту макони фароғатии сокинону меҳмонони шаҳр сохта хохад шуд.
Фаввораи навбунёд дар масоҳати 12 метри квадратӣ сохта шуда, баландии фавора бошад ба 8 метр хоҳад расид. Лоиҳакашон п ешниҳод намуданд, ки чароғакҳои фаввораи мазкур бо 7 ранги пурҷило оро дода шуда, дар атрофии он нишастгоҳи дамгирӣ, чароғҳои равшанидиҳанда насб карда шавад. Раиси шаҳри Хуҷанд дастур дод, ки ба гулзору сабзпӯш намудани ин мавзеъ ва азнавсозии роҳрави атрофии фавора, эътибори ҷиддӣ дода шавад.
Маблағгузории корҳои сохтмонию азнавсозӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд сурат гирифта, иҷроиши корҳоро Идораи сохтмонии «Сохтмон-1» ба анҷом мерасонад.
Пешбинӣ мешавад, ки макони нави фароғатӣ дар арафаи таҷлили рӯзҳои Наврӯзи соли 2016 мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.