28 Декабр 2015
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дар маросими супоридани тӯҳфаҳои солинавӣ ба хонандагони мактаб- парваришгоҳи махсус барои кӯдакони имконияташон маҳдуди маркази вилоят иштирок намуд.
Раиси шаҳри Хуҷанд дар назди мураббиён ва кӯдакону наврасони ин муассисаи иҷтимоӣ суханронӣ намуда ҳамаи онҳоро бо фарорасии соли нави 2016 табрик намуд. «Шумо кӯдакону наврасони азиз ҳамеша таҳти ғамхории пайваста, таваҷҷӯҳи махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Ҷаноби олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доред. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд барои иҷро намудани ин дастуру супоришҳои сарвари давлат ҳамеша саю кӯшиш менамояд. Мо бовари дорем, ки Шумо фарзандони сазовори даврон ба воя мерасед»- афзуд Раиси шаҳри Хуҷанд дар баромади худ.
Барои 250 нафар тарбиятгирандагон ҳамчунин дастурхони солинавӣ кушода шуда, ба ҳар яке аз тарбиятгирандагон либосҳои гарм ва тӯҳфаҳои солинавӣ тақдим гардид.