(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Бо мардум наздиктар бошемБо натиҷагирӣ аз фаъолияти солонаи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд имрӯз дар толори кохи фарҳанги шаҳри Хуҷанд маҷлиси ҳисоботӣ доир гардид. Дар кори ҷаласа аъзои Кумитаи марказии ҲХДТ, раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода, муовини аввали раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ Анвар Ҷалилов, аъзоёни комиҷроия ва фаъолони ҳизб ширкат доштанд.
Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии раиси кумитаи иҷроия дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов оғоз ёфт.
Аз рӯи рӯзномаи якуми ҷаласа – ҳисобот оид ба иҷроиши самтҳои асосии фаъолияти КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд барои соли 2015 ва вазифагузориҳо барои соли 2016 раиси кумиҷроия Наим Маликисломов баромад кард. Дар баромади ӯ аз ҷумла қайд гардид, ки ба сифати пешвои миллат эътироф шудани Президенти мардумии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин амри воқеӣ буд. Зеро ин марди ҷонфидо, хирадманд ва раҳкушои миллати тоҷик замоне ба арсаи сиёсат омад, ки давлат ба ҳадди нестӣ мерасид. Маҳз хиради азалӣ, такя намудан ба нерӯи мардум, таҳаммулпазирӣ ба ин халқи куҳан имкон дод, то ба ҷанги бародаркуш хотима диҳад. Ва имрӯз Тоҷикистонро ба ҳайси кишвари ободу озод мешиносанд ва эътироф менамоянд. Мавсуф дар идомаи суханрониаш аз нуфузи бештар пайдо кардани ҳизбро дар шаҳри Хуҷанд бо мисолҳои воқеӣ фаҳмонид. Тавре аз ҳисобот бармеояд, танҳо дар давоми як сол ба сафи ҳизб 3555 нафар шомил шуда, шумораи умумии аъзоён ба 13 ҳазор нафар расидааст. Онҳо дар 158 кумиҷроия ва ташкилотҳои ибтидоӣ сарҷамъ омадаанд. Маърӯзачӣ дар баромадаш аз фаъолияти самараноки базе аз ташкилотҳои ибтидоӣ амсоли «Таваллудхонаи вилоятӣ», «Ориён», «Сомон», «Б.Ғафуров», «Муҳаммад Осимӣ» сухан карда, афзуд, ки дар такя ба ҳизбиёни ташкилотҳои мазкур омодагӣ ба интихобот дар сатҳи баланд доир гардида, ҳамаи номзадони  пешбаригардидаи ҲХДТ дар интихобот пирӯз шуданд.
Номбурда аз тадбирҳои кумиҷроия дар мавриди эълон доштани соли 2015 ҳамчун Соли оила сухан ронда, таъсиси маркази «Ҳимояи оила» ва гурӯҳи кориро бо номи « Муросо» қадаме дар пеш дар мавриди пойдории оила номид.
Наим Маликисломов дар идомаи гузориш аз рафти қабулгоҳи ҷамъиятӣ ва фаъолияти вакилии вакилон дар ин маврид, аёдати пирону шахсони яккаву танҳо ва маъюбон, дасти ёрӣ дароз намудан ба ниёзмандон сухан кард.
Ҳамчунин қайд шуд, ки дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти ҳизб аз ҳаёти муҳоҷирон дидан намудани раиси кумиҷроия дар вилоятҳои азими Русия сафи аъзо ва пайравони ҳизбро зиёд намуд.
Бо вазифагузориҳо барои соли нав гузориши раиси кумиҷроия анҷом пазируфт.
Фаъолони ҳизб, вакили маҷлиси шаҳрӣ Назокат Ёрматова, Ҷонишини раиси ташкилоти ибтидоии «Суғдформатсия» Азизов А аз қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» изҳори хушнудӣ намуда, қайд карданд, ки дар таърихи навини тоҷикон маҳз заҳматҳои ин марди ҷонфидо боис шуд, ки моро чун миллати тамаддунофар ва сулҳхоҳ шиносанд. Онҳо дар суханрониҳояшон аз ҳамкориҳои самарабахши кумиҷроия бо ташкилотҳои ибтидоӣ сухан карданд.
Муовини раиси кумиҷроияи вилоятӣ Анвар Ҷалилов дар баробари зикри пешравиҳо диққати ҳозиринро ба масъалаҳои низоми ҳуҷҷатгузорӣ, ҷоннок намудани фаъолияти кор бо ҷавонон ва занон ва ҷалби ҳар чи бештари тарафдорон ба сафи ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон бо номи «Созандагони Ватан», решакан кардани зуҳуроти коррупсионӣ равона намуда, барои пешравии вазъ дастуру ҳидоятҳо дод.
Аъзои кумиҷроияи марказии ҲХДТ, раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба фаъолияти самарабахши ҳизбиён дар чорабиниҳои гуногуни сиёсиву фарҳангии шаҳр баҳои баланд дода, иқдомҳои кумиҷроияро дар мавриди баргузории аксияҳо, аёдати ниёзмандон, ташкили марказҳо оид ба ҳуқуқи манофеи оила воситаи муҳими ҷалби аъзои нав донист. Зикр шуд, ки шаҳр бо ҳамдастии ҳизбиён сол то сол ободу зебо гардида, иҷрои қисми даромади буҷа ба 105,5 фисад расида, танҳо дар давоми як сол 45 километр роҳҳои шаҳр асфалтпӯш гардиданд.
Мавсуф яке аз роҳҳои баланд бардоштани маърифати сиёсии шаҳрвандонро дар омӯзиши бештар дониста, аз ҳизбиён даъват ба амал овард, ки бо мардум наздиктар бошанд, оқибатҳои фоҷеабори шомилшавиро ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ фаҳмонанд. Номбурда вохӯрии раиси шаҳр бо фаъолзанон ва бибиотунҳоро, ки дирӯз доир шуда буд, мисол овард.
Бо дастуру вазифагузориҳо раиси шаҳр ба гузоришаш ҳусни хотима бахшид.
Дар фуроварди маҷлис ба якчанд нафар фаъолони ҳизб сипоснома, тӯҳфаҳои хотиравӣ ва ба чанде аз аъзоёни нав дар вазъияти тантанавӣ билетҳои ҳизбӣ супорида шуд.

Абдусабур Абдуваҳҳобов,

котиби масъули рӯзномаи «Шафақ»

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин г...
Фирӯза Нуруллозода Фирӯза Нуруллозода Муовини Раиси шаҳрФирӯза Нуруллозода 9 феврали соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акад...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Сол...

Роҳбарони сохторҳо

Алимов У.С. Алимов У.С. Алимов Усмон Собирҷонович 20-уми майи соли 1958 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1979 Донишгоҳи да...
Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Миркамолов М. Н. Миркамолов М. Н. Миркамолов Муҳсин Насруллоевич 10-уми ноябри соли 1959 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1980 Донишгоҳ...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми  августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи пол...
Самадов С.А. Самадов С.А. Самадов Сӯҳробҷон Абдусамадович 29-уми декабри соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1998 филиали ...
Собитова М. А. Собитова М. А. Собитова Мунзифа Аҳмадовна 14-уми  сентябри соли 1960 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ, соли 1982 Донишгоҳи д...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Таҳсилот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев Музаффар Анварович 8 августи соли 1982 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи да...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева Муҳайё Ҳалимовна 28 сентябри соли 1967 дар оилаи хизматчц ба дунё омадааст. Соли 1990 Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Душан...
Мухбира Дониёрова Мухбира Дониёрова Тибқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз 30-юми июли соли равон мудири шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр Мухбира Дони...
Солизода Раҳим Солизода Раҳим Солизода Раҳим Рашидӣ бо қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз моҳи июли соли 2017 ба вазифаи мудири бахши нақлиёт ва алоқа таъин гардид. Солизода Р...
Каримов Манучеҳр Каримов Манучеҳр Каримов Манучеҳр Мухторович бо фармоиши Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2018 бо тариқ...
Усмонова Т. Ҳ. Усмонова Т. Ҳ. Усмонова Таҳмина Ҳасановна 23 октябри соли 1982 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Миллата...
Юсуфӣ У, C. Юсуфӣ У, C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз738
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта5159
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта29239
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта36839
mod_vvisit_counterҲамин моҳ40307
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта152561
mod_vvisit_counterҲамагӣ4886603