19 Декабр 2015
Дар намоиш фурӯш, ки бо мақсадии таъмини сокинони маркази вилоят ба маводи ғизои нисбатан арзон дар соли нав ташкил гардид, маҳсулоти ниёзи аввала ба монанди гӯшту биринҷ, катошкаю сабзӣ ва пиёзу маводидигари ғаллагӣ, полезӣ пешкаш кардашуд. Сокинони маркази вилоят имкон доштанд як килограмм гӯштро бо нархи 24-26 сомонӣ, картошка 1- 1.10 сомонӣ, сабзӣ 60-70 дирам биринҷ 5сомонию 60 дирамӣ харидорӣ намоянд. Тибқи дастури Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода намоиш-фарӯши маҳсулоти кишоварзӣ то интиҳои моҳи равон идома ёфта, дар минтақаҳои дигари шаҳр низ ташкил карда хоҳад шуд.