15 Декабр 2015
Чорабинии мазкур аз ҷониби хонандагони синфи 11-уми “Г” бо роҳбарии омӯзгори фанни забони англисии ин муассисаи таълимӣ Мақсад Қаюмова баргузор гардида, дар он бештар 100 нафар муҳассилини гимназия ширкат намуданд.
Хонандагон дар бораи таърихуфарҳанги бойи тоҷикон маълумот дода, доири зиндагиномаи шахсиятҳои таърихӣ аз қабили Кайхусрав, Искандари Мақдунӣ, Хусрави Парвиз ривоятҳо нақл намуданд.
Ҳамчунин бо иштироки хонандагони синфи 11 саҳначаҳои таърихӣ намоиш дода шуд. Лозим ба ёдоварист, ки чунин дарсҳои тарбиявӣ моҳе ду маротиба дар ин муассисаи таълимӣ баргузор гашта, он як намуд ҳисоботи эҷодии омӯзгорону хонандагони мактаби мазкур ба ҳисоб меравад.