(2 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат» қабул гардид.9 декабр дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат» баррасӣ ва қабул шуд. Ин санади муҳими таърихӣ бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби гурӯҳи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи дархосту пешниҳоди мардуми кишвар барои ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, анъанаи неки давлатдорӣ, муттаҳидии халқ дар атрофи ғояҳои созандаю бунёдкорона, таҳкими сохтори конститутсионӣ ва қадршиносии хизматҳои фарзанди содиқу вафодори халқ Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, ҳомии роҳи таърихии рушди мамлакат ба сӯи ҷомеаи шаҳрвандӣ, давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд таҳия ва пешниҳод гардидааст. Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни суханронӣ оид ба зарурат ва аҳамияти қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат» андешаҳояшро чунин баён дошт:
- Шахсиятеро, ки дар борааш ҳарф мезанем, ба тарғибу муаррифӣ эҳтиёҷ надорад. Андешаҳои ӯ, суханонаш кайҳост, ки ба дили мардум роҳ ёфта, кору пайкори созандааш дар таърихи навини давлатдории тоҷикон ба ҳайси бунёдгузори давлати соҳибихтиёр, асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, таҳиягари пояҳои ҳуқуқии миллат, эҳёкунандаи арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ ва динӣ, зиндакунандаи номи қаҳрамонони таърихӣ, ҳомӣ ва муҳофизи манфиатҳои миллат ва ҳуқуқу озодиҳои инсон байни мардум маълуму машҳур гаштааст. Дар таърихи навини халқи тоҷик Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон шахсиятест, ки на танҳо дар ташаккулу таҳаввули таърихи давлатдории соҳибистиқлоли тоҷик ва ҳастии имрӯзу фардои Тоҷикистон, балки барои эҳё намудани падидаҳои неку писандида ва арзишҳои волои фарҳангии ниёгонамон хизматҳои барҷаста кардааст. Ҳар нафаре, ки сарнавишти печидаи халқи тоҷикро медонад, дар паҳлуи ин шахсияти худодод фаъолият карда, заҳматҳои шабонарӯзӣ ва созандаи ӯро мебинад, хуб эҳсос менамояд, ки, бидуни муболиға, ҳанӯз мо на ҳамаи воқеият ва дурнамои амалҳои ин симои таърихиро дарк намудаем.
Бешак, тасвири симои шахсе, ки халқи беш аз ҳазор сол аз саҳнаи таърих дурафтодаро аз сари нав ҳамчун миллати соҳибдавлат ба арсаи сиёсати ҷаҳонӣ ворид сохт, халқи гирифтори гирдоби нобудиро наҷот дод, ҷон дар кафи даст душманонро ба оғӯш кашид, ҷинояткоронро афв кард, гурезаҳоро ба Ватан баргардонд, ба миллат ваҳдат, субот, амният овард, ҳама дороӣ, қудрат ва сиёсатро дар хизмати инсон гузошт, пояи давлатдориро аз сифр, низоми молияро аз хазинаи холии ба ғоратрафта, лашкарро бо сарфармондеҳони кироя, ҳуқуқро бо ғояҳои анъанавию миллӣ тарҳрезӣ намуд, неъмати озодиву соҳибдавлатиро барои ташнагони беш аз ҳазорсола эҳдо кард, садои модари тоҷикро ҳамчун модари миллати соҳибдавлат то ба созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ расонд, мардуми парешонро атрофи дастархони сиёсии миллат муттаҳид сохт, дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлатеро бо номи Тоҷикистон сабт намуд, дуруст гуфтаанд, ки кори як минбар, як маърӯза ва ҳатто як китоб ҳам нест. Ҳақиқат ин аст, ки нобиғаҳо дар як замон зиндагӣ мекунанд, вале рӯҳ ва ғояҳояшон таърихи ояндаро комил месозанд.
Дар замоне, ки касе ба як соати ояндаи зиндагӣ бовар надошт, дар шароите, ки модар баргаштани фарзанд ва ё зан шавҳари барои нон ба мағоза рафтаашро бо сад гумону хаёл интизорӣ кашида, даст ба домони Худованд мезад, дар лаҳзаҳое, ки садои тиру туфанг нолаи модарону гиряи кӯдаконро пахш карда буд, дар он рӯзгоре, ки адлу инсоф, дӯстию муҳаббат, садоқату ҳақиқатро беинсофию нобаробарӣ, хиёнату чоплусӣ, номардию туҳмат гулӯгир намуда буд, ӯ масъулияти роҳбариро ба дӯш гирифта, умед ва бовариро ба сулҳу ваҳдат дар дили мардум ҷо кард.
Ӯ баъд аз 23 рӯзи савганди таърихиаш, моҳи декабри соли 1992, дар Муроҷиатнома ба халқи шарифи Тоҷикистон гуфта буд: “Бародарон ва хоҳарони азиз! Ҳамватанони муҳтарам! Ман ба ҳар яки шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати шумо, ки ворисону фарзандони барӯманди тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам”.
Ӯ аз рӯзи ин қасами худ то 27 июни соли 1997, яъне, то расидан ба ваҳдати миллӣ ва суханронии таърихӣ бахшида ба имзо гардидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ 21 маротиба гуфтушунид ташкил намуда, 7 маротиба дар муколамаҳо шахсан ширкат варзидааст.
Сарвари мамлакат на танҳо ба қасамаш содиқ буд, балки барои иҷрои он фидокорона кӯшиш ба харҷ дод, ин вазифаи муқаддаси худро ҳеҷ гоҳ фаромӯш насохт. Ӯ ҳамчун Сарвари давлат то расидан ба ваҳдати миллӣ оромиро эҳсос намекард, рӯҳаш барои зиндагии нотинҷи кишвар, сӯхтану бетартибиҳои яроқбадастон азият мекашиду қалбаш ба аҳволи мардуми фирорӣ месӯхт. Дар чунин як ҳолати тоқатфарсо пайваста ба мардуми фирорӣ мегуфт: “Ҳамдиёрони азиз, ба Ватан баргардед! Ба шумо кӯҳи тилло ваъда намедиҳам, аммо як пора ноне, ки дорем бо ҳам мехӯрем”. Бо чи гуна дард ва бо чи самимият гуфта мешуданд ин суханҳо. Ҳамин самимият ва муҳаббат буд, ки як миллион гуреза ва муҳоҷири иҷборӣ ба ҷойи зисти аввала баргардонда шуд, 36 ҳазор хонаи пурра ва ё қисман харобгашта дар як муддати кӯтоҳ пурра барқарор гардид.
Ҳар ҷанг ва ҳар фитна ташкилкунандагон, иҷрокунандагон ва манфиатгирандагони худро дорад, ки ҳамчун омили ин нохушӣ аз он баҳра мегирифтанд. Оташбас ва субот ба ин гурӯҳҳои дохилию хориҷӣ, албатта, хушоянд набуд. Аз ин лиҳоз, барои ӯ хеле вазнин буд, ки ҳамроҳ бо ғаму андӯҳи халқ ба сӯи оромию субот ҳаракат намояд. Дар бисёр ҳолат ҳатто мо наздиктарин рафиқону ҳамақидаҳо зери таъсири селоби мушкилию фитнаҳо ба ояндаи нек шубҳа мекардем. Вале ӯ ба иродаи халқ такя карда, моро мутмаин сохта, ҷавонмардона ба пеш ҳаракат мекард ва низ ҳидоят менамуд.
Эмомалӣ Раҳмон дар ҳақиқат қаҳрамон аст, қаҳрамоне, ки ният ва маромаш оромии ҳар хонадон ва мардуми Тоҷикистон. Он замонҳо фикр мекардам Худованд, табиат, замона ва таърих, дер ҳам бошад, садои дили ин миллати азияткашидаро шунида, ба ӯ фарзанди асили бардорандаи бори таърих ва замонаро додааст, ягона хоҳишу илтиҷои мо ҳифз ва гиромидошти ин амонат буд. Дар ӯ сифатҳои зиёди инсонии олию одӣ, меҳрубонию қаҳрамонӣ, матонату ҳалимӣ, дилсӯзию ҷасорат, хоксорию ғурур бо риояи одоб, дар мизони хирад ва тарозуи манфиати миллат ва Ватан ба ҳам омадаанд.
Ёд дорам, 10 - 11 декабри соли 1996, гуфтушуниди деҳаи Хосдеҳи ноҳияи Фархори Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро. Дар ин кишвар ҷанг мерафт, мақомоти амниятии Тоҷикистон рафтани Сарвари давлатро дар чунин шароит ба он минтақа хатарнок донистанд. Вале Президент посух дод: «Ҷони худамро қурбон мекунаму аз роҳ намегардам, зеро халқи Тоҷикистон аз мо умедҳо дорад». Сафар доир шуд ва гуфтушунид дар як ҳолати вазнин гузашт. Вале матонат, ирода, ҷасурӣ ва ғамхорӣ нисбат ба халқ ва ташнагӣ дар роҳи сулҳ, хоксорию одамгарӣ ва поквиҷдонию садоқати ӯро дар он сафар мушоҳида карда, ин чеҳраи таърихиро барои худ боз фарохтар кашф кардам: аз дилсӯзҳо дилсӯзтар, аз оқилҳо оқилтар ва аз дӯстҳо болотар, аз содиқон самимитар буд… 
Дар ҳолате ки сару либосаш пур аз чанг, дар кафи дасташ пиёлаи чойи сард, рӯйи курпача мисли як марди одӣ нишаста, ботамкинона, меҳрубонона сарварони мухолифро ба ваҳдат ва сулҳ даъват мекард, дар садо ва даъвати ӯ ҳикмати ниёгон, маърифати бузургон ва ҳақиқатҳои бебаҳс зи дуриҳои дур барои гӯши шунавою дидаи бино мерасид. Он лаҳза бо тамоми ҳастиям эҳсос кардам, ки ӯ шахси муқаррарӣ нест. Вай то он дараҷа бо дарди миллат месӯхт, ки омода буд ҷони худро нисор кунаду барои халқи азиятдидааш сулҳу оромӣ биорад. Чунин лаҳзаҳои хотирмон то расидан ба сулҳ хеле зиёд буданд, ки дар дили ман ва дигар аъзои гуфтушунид абадӣ мемонад.
Маҳз баъд аз ин сафар миёнаравҳои кишвари афғон ба пуррагӣ бовар карданд, ки дар Тоҷикистон сулҳ мешавад. Бародарони фирорӣ баъдан ба мо гуфтанд, ки чунин қаҳрамонӣ ва матонати Эмомалӣ Раҳмонро дида, зиндаёд Аҳмадшоҳи Масъуд сарварони мухолифинро ба нишаст ва гуфтушунид даъват менамояд. Вақте иддае аз онҳо изҳори нобоварӣ мекунанд, Аҳмадшоҳи Масъуд мегӯяд: «Ман имрӯз Роҳбари давлати Шуморо дидам, ки ҷон ба кафи даст зери тиру тӯп барои даъвати бародарони фирорӣ ба сулҳу ваҳдат омадааст. Роҳбаре, ки барои мардумаш ҷонашро дареғ намедорад, қодир аст сулҳ оварад. Атрофи ӯ муттаҳид шуда, ӯро гиромӣ доред. Бадбахтии миллати мо - афғонҳо дар ин солҳои ҷанг дар он аст, ки мо то ҳанӯз чунин роҳбари ғамхорро надоштаем».
Бузургон дуруст гуфтаанд: ҳама корҳо бо ният аст. Нияти ӯ, мароми ӯ нек буд, ки ҳама ба некӣ анҷомид. Ӯ қадам ба қадам, ҳар лаҳза ва ҳар замон ба умеди ваҳдат, ба нияти субот андеша меронд, ҳарф мезад, амал мекард ва аз худию бегона, аз рӯҳи гузаштагону Офаридгори Замину Осмон талаби тинҷию оромии кишварро менамуд. Ин ҳамаро мо на танҳо медидему мешунидем, балки бо қалбу рӯҳ дарк мекардем ва аз ин мактаб дарс ва ҳадиси ватандорӣ меомӯхтем. Ӯ ба суханаш содиқ, ба ваъдааш устувор буд ва ба амалаш муҳаббат дошт, ки тавонист бузургтарин неъмат - умед ба зиндагии осоиштаро дар дили мардум ҳифз карда, халқро аз парокандагӣ, миллатро аз нестшавӣ ва давлатро аз завол наҷот диҳад.
Бидуни ҳеҷ як тамаллуқ, бидуни ҳеҷ як манфиат, ба хотири баёни ҳақиқат ва иҷрои рисолати инсонӣ ва виҷдониам ин лаҳзаҳо таърихи пурфоҷиаи миллати хешро бо садои парокандаи фарзандони барӯманди халқи тоҷик, ки дар замони бедавлатии хеш ба бедавлатон давлатдорӣ омӯхта, ба бефарҳангон фарҳангу адаб дода, бо мушти хоку забони шевои ашъори гуҳарбори тоҷикӣ дар паҳноҳои мухталифи олам берун аз Ватан бо орзую омоли ватандорӣ дар ғарибӣ чашм ба хоби абад рафтаанд, пеши назар меораму навҳа ва садои ба фалак печидаи модари тоҷику гиряҳои дардолуду пурумеди фарзандони зиндаятими солҳои ҷанги шаҳрвандиро то ҳанӯз эҳсос мекунам. Ба чашми фарзандону наберагон, ба чашми ҷавононе, ки бепадар ба воя расида, ба арӯсоне, ки бешавҳар ятимонро ба тарбия гирифта, ба ҳамватаноне, ки рӯй ба сӯи қабристони муҳоҷирон ба он тарафи дарёи Панҷ карда, дуо менамоянд, бо масъулият ва дидаи қалб назар намуда, бо қатъият изҳор медорам: мактаби сиёсии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дарси ибрати ваҳдати миллии ӯ, давлатсозию ҳадиси ватанпарастии ин шахси таърихӣ барои халқи азиятдидаи мо сарчашмаи худогоҳӣ, хазинаи худшиносӣ ва ганҷинаи эҳсоси баланди миллатдӯстист, ки ба қадри он расидан, номи асосгузори онҳоро гиромӣ доштан ва роҳи интихобкардаи ӯро ҳифз карда, идома додан қарзи инсонии ҳар соҳибватан буда, эҳтиром ба роҳи таърихии муборизаи халқи тоҷик барои истиқлолият, қадршиносӣ аз давлати миллӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии Тоҷикистон аст. 
Ҳар соҳибватане, ки нисбат ба имрӯзу фардои ватанаш бетараф нест, ҳар шаҳрванде, ки ба тақдири ватанаш бетафовут нест, ҳар тоҷике, ки миллати хешро дӯст медорад ва ҳар падару модаре, ки ояндаи фарзандони худро дар Тоҷикистони озод, обод ва осоиштаю рушдкарда дидан мехоҳад, посдори ин амалҳои созанда, сабақомӯз ва ибратбахш аст. Маҳз ба ҳамин хотир навиштану сабти ин ҳама дар хотираи таърихӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсии миллат бо забони илмӣ, бо услуби қонунӣ, бо амру виҷдон ва масъулиятҳо зарурат пайдо менамояд.  
Миллате, ки таърих ва бузургони гузаштаи худро қадр мекунад, саодатманд аст, вале бузургтару саодатмандтар, ба қавли хирадмандон, миллатест, ки ба қадри бузургон ва қаҳрамонони зиндаи худ мерасад. Илми таърихи сиёсӣ-иҷтимоӣ ва таҷрибаи давлатҳои мутамаддин собит менамоянд, ки давлатҳои гузаштаю имрӯза хизматҳои содиқона, созанда ва тақдирсози чунин фарзандони қаҳрамони худро мадди назар гирифта, ҳанӯз дар айёми дар қайди ҳаёт буданашон бо мақсади нигоҳ доштани меросияти таърихӣ ва рушди бонизоми ҷомеа ва давлат, симо ва шахсияти онҳоро ҳамчун қаҳрамон, пешво ва падари миллат ва давлатҳо эътироф кардаанд. Соҳаҳои мухталифи илм низ аз ҷанбаҳои гуногун хизматҳои воқеии онҳоро қадршиносӣ карда, таъсири нек ва қавии чунин симоҳоро дар масири таърих барои рушд, ваҳдат ва пешрафти миллату ҷомеаҳо ёдрас шуда, шинохт ва эътирофи онҳоро ба ҳайси «Пешвои миллат», «Падар - бунёдгузори давлат» ва монанди инҳо ба фазои илмҳои сиёсатшиносӣ ва ҷомеашиносӣ ворид намудаанд.
Дар таърихи давлатдории навини демократӣ ва классикӣ аломати мавҷудияти падарон - бунёдгузорон ва пешвоёни миллӣ ба сони мактаби бузурги тарбияи сиёсӣ ва ҳуқуқӣ ба назар мерасад. Чунончи, дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико онҳоро ба ҳайси «Падарон - асосгузорони давлати Амрико» (Ҷорҷ Вашингтон, Ҷон Адамс, Томас Ҷефферсон, Ҷеймс Медисон, Александр Гамилтон), дар Туркия - «Падари миллати турк» (Ататурк), дар Ҳиндустон - «Падари миллати ҳинду» (Маҳатма Гандӣ) ва «Бунёдгузори давлати ҳинд» (Ҷавоҳирлаъл Неру,) дар Покистон - «Падар - асосгузори давлати Покистон» (Алӣ Муҳаммад Ҷиноҳ), дар Сингапур - «Асосгузори давлати Сингапур» (Ли Куан Ю), дар Қазоқистон - «Пешвои миллат» (Нурсултон Назарбоев) шинохтаанд.Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки аз шинохт ва эътирофи онҳо демократияи ин давлатҳо ва ё дигар озодиҳояшон ҳеҷ зарар надида, баръакс ба ин васила ибтидои давлатдории худро аз назари ҳуқуқӣ эълон карда, роҳи рушди босуботи давлатро ба сӯи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати демократӣ ҳифз намудаанд.
Таҷрибаи таърихи сиёсӣ ва ҳуқуқии ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки доштани пешвои миллӣ, эътирофи бунёдгузори давлат барои рушди худшиносӣ ва роҳи ҳамвори тараққиёти давлатдорӣ вобаста ба шароити дохилию байналмилалӣ шарт ва зарур аст. Маҳз барои миллати борҳо аз давлатдорӣ маҳрумгардидаи тоҷик дар шароити ҷаҳони ноороми имрӯз доштани пешвои сиёсӣ, эътирофи «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат» ҳамчун рамзи муттаҳидии халқ атрофи ғоя ва андешаҳои ӯ аҳамияти бештари таърихӣ, замонавӣ ва ояндабиниро касб менамояд. Барои мо имрӯз вақт, замона ва манфиатҳои дирӯз, имрӯз ва фардои миллат дар ҳамбастагӣ ин фурсатро фароҳам овардааст. Далели бузургу раднопазири ин иқдом фаъолияти содиқонаю созанда ва аз ҷониби халқ эътирофшудаи Ҷаноби Олӣ дар роҳи расидан ба сулҳу субот ва бунёди давлату эҳёи фарҳанги миллат аст. 
Мо хуб мефаҳмем, ки дар шароити кунунӣ дӯстону душманон ба иқдоми пешгирифтаи мо назарҳои мухталиф доранд. Ин як амри табиист. Муҳим он аст, ки мо дуруст дарк намоем, ки ин қонун на ба хотири шахсият аст, ҳарчанд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеан ҳам хизматҳои бузурги таърихӣ карда, халқро аз парокандагӣ, миллатро аз нестшавӣ ва давлатро аз фурӯравӣ наҷот додааст, ҳарчанд таҳти роҳбарии бевоситаи ӯ пояҳои давлатдорӣ, заминаҳои низоми ҳуқуқӣ, нахустин Конститутсияи халқӣ қабул шуда, эҳёи арзишҳои динӣ ва миллӣ оғоз гардида, кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо ёфта, истиқлолияти озуқаворӣ таъмин гашта, роҳи давлатдории Тоҷикистонро ба сӯи давлати ормонии демократӣ, ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ, дунявӣ ва ягона шурӯъ гардидааст. Ӯ ба ин қадршиносӣ эҳтиёҷ надорад, балки мардуми Тоҷикистон ба ҳифзи ин дастовардҳо эҳтиёҷ дошта, тақдири ояндаи давлатамон ба ҳифзи таърихии ин роҳи ормонии шурӯъгардида зарурат пайдо кардааст.
Мо аз ҳеҷ гуна андешаи мухолиф, назарҳои танқидомез ва суханҳои муқобил на ҳарос дорем ва на метарсем, чунки мо ба мақсади ободии Ватан ва ҳифзи роҳи таърихии рушди давлатамон, ба қадршиносии фарзанди барӯманди миллат рӯ овардаем. Мо фикр намекунем, ки қадршиносӣ аз фарзандони содиқу вафодори миллат беҳурматӣ нисбати дигар арзишҳои инсонист. Ҳар нафаре, ки барои давлату миллат хизмат кардааст, масъулияти давлату миллатро дар қадршиносии худ пайдо менамояд.
Мо, албатта, ба демократияю озодиҳо ва ҳуқуқу арзишҳои дигари инсонӣ арҷ мегузорем ва даъвои онро надорем, ки дар ҳамин давраи таърихӣ ҳамаи мушкилоти худро ҳал намудаем, зеро ҳанӯз мушкилию масъалаҳои ҳалношудаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ кам нестанд. Аммо ин қадршиносии мо аз эътирофи ғалабаи некӣ ба бадӣ дар кори ватандории мост, аз оғози сулҳ ва ваҳдати миллии мардуми кишвар, аз таҳкими низоми идорӣ, ҳифзи Истиқолияти давлатӣ, оғози роҳи таърихии давлат ба сӯи ҷомеаи демократӣ, эътирофи сиёсӣ ва ҳуқуқии давлати Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонист.
Онҳое, ки моро фаҳмидан наметавонанд ва фикрҳои дигар дар сар доранд, ин ҳаққи табиии онҳост, мо афкори онҳоро эҳтиром мекунем, зеро ин қонуни зиндагии ҷомеаи озод аст. Бовар дорам, ки онҳо ҳам мисли мо дар фикри ободии ин мамлакат мебошанд, аз ин рӯ, ба арзи эҳтиром аз номи худам, ҳамчун як фарзанди ин мамлакат, бори дигар гуфтаниям: Бовар кунед, мо давлати худро дӯст медорем, ба он бузургию умри ҷовидониро мехоҳем, демократияю ҳуқуқҳои инсонро эътироф менамоем, вале мехоҳем, ки заҳматҳои фарзандони бузургу сарсупурдаи миллатамонро қадр намоем, то аз ин қадршиносӣ ояндагон ҳикмат ва таҷриба бардоранд. Мо Ватанро бо чашми кушодаи дил дида, садои онро бо гӯши қалб шунида, ҳикмати ҳастиашро бо хирад ва рӯҳи равонамон эҳсос менамоем, ки ҳеҷ як манфиат ва ҳеҷ як ғараз садди роҳи ин дидан ва ин шунидан шуда наметавонад. Зеро манбаи илҳомбахши онро муҳаббати самимӣ ва умед ба ояндаи нек ташкил медиҳад.
Мо, хуб мефаҳмем, ки инсон ба давлати худ дар сурате манфиатовар буда метавонад, ки онро воқеан ҳам бо ҳастию оромии фарзандонаш, бо зиндагии осоиштаи ҳамватанонаш, бо далерию матонати қаҳрамононаш эҳсос намояд. Ватанро бо ҳама пастию баландиҳои рӯзгори мардумаш, бо ҳама арзишҳои таърихию замонавиаш, бо ҳама мағлубияту музаффариятҳояш, ки барои имрӯзу фардо таъсирҳо дорад, дӯст дорад, аз таҷрибаи он сабақ бардорад ва вазифаю масъулияти муқаддаси худро дар назди фарзандони ояндааш аз ёд набарорад. Ин аст дарси ватандории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллати мо Эмомалӣ Раҳмон.

“Ҷумҳурият”

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин г...
Фирӯза Нуруллозода Фирӯза Нуруллозода Муовини Раиси шаҳрФирӯза Нуруллозода 9 феврали соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акад...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Сол...

Роҳбарони сохторҳо

Алимов У.С. Алимов У.С. Алимов Усмон Собирҷонович 20-уми майи соли 1958 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1979 Донишгоҳи да...
Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Миркамолов М. Н. Миркамолов М. Н. Миркамолов Муҳсин Насруллоевич 10-уми ноябри соли 1959 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1980 Донишгоҳ...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми  августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи пол...
Самадов С.А. Самадов С.А. Самадов Сӯҳробҷон Абдусамадович 29-уми декабри соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1998 филиали ...
Собитова М. А. Собитова М. А. Собитова Мунзифа Аҳмадовна 14-уми  сентябри соли 1960 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ, соли 1982 Донишгоҳи д...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Таҳсилот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев Музаффар Анварович 8 августи соли 1982 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи да...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева Муҳайё Ҳалимовна 28 сентябри соли 1967 дар оилаи хизматчц ба дунё омадааст. Соли 1990 Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Душан...
Мухбира Дониёрова Мухбира Дониёрова Тибқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз 30-юми июли соли равон мудири шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр Мухбира Дони...
Солизода Раҳим Солизода Раҳим Солизода Раҳим Рашидӣ бо қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз моҳи июли соли 2017 ба вазифаи мудири бахши нақлиёт ва алоқа таъин гардид. Солизода Р...
Каримов Манучеҳр Каримов Манучеҳр Каримов Манучеҳр Мухторович бо фармоиши Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2018 бо тариқ...
Усмонова Т. Ҳ. Усмонова Т. Ҳ. Усмонова Таҳмина Ҳасановна 23 октябри соли 1982 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Миллата...
Юсуфӣ У, C. Юсуфӣ У, C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз813
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта5159
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта29314
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта36839
mod_vvisit_counterҲамин моҳ40382
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта152561
mod_vvisit_counterҲамагӣ4886678