24 Ноябр 2015

Субҳи барвақт наздик наздики 15 ҳазор ҷавонон бо парчами миллии 500 метра аз мавзеи «Гулбаҳор»- хиёбони И. Сомонӣ роҳпаймоии идонаро оғоз намуданд. Дар сафи пеш наврасони дучархасавор ва картингронон бо парчами миллӣ иштирокдорони роҳпаймоиро роҳбаладӣ намуданд.
Иштирокдорони роҳпаймоӣ бо шиорҳои «Парчами Тоҷикистон парафшон бод!», «Поянда бош Тоҷикистон» ва ғайра то маркази баргузории чорабиниҳои идона, пояи Парчами Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Мақомоти иҷрояи ҳокимитяи давлатии вилояти Суғд омаданд. Баъдан дар мавзеи номбурда бо иштироки роҳбарони воҳидҳои сохтории шаҳри Хуҷанд ва вилояти Суғд, фаъолон, собиқадорони меҳнат ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.

Муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ табрикоти Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодириро ба самъи ҳозирон расонд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дар суханронии худ доири аҳамияту арзиши ин рӯз сухан гуфта, таъкид намуд, ки «Баъди ҳазор соли бедавлатӣ ҳамчун натиҷаи азму талошҳои пайвастаи мардуми озодихоҳи тоҷик ба даст омадани соҳибистиқлолӣ дар назди мо иҷрои вазифаи бисёр масъулиятнок ва дар айни замон хеле пурифтихор, яъне бунёди давлати навини ҷавобгў ба манфиатҳои халқи кишвар ва ба вуҷуд овардани аркони давлатдории муосири тоҷиконро гузошт, ки имрўзҳо ба оғози ин гардиши таърихиву тақдирсоз бисту панљ сол пур мешавад.

Қисми дигари чорабинӣ аз барномаи фарҳангӣ иборат буд, ки ҳунармандони шаҳру вилоят ва истеъдодоҳои ҷавон дар васфиватан ва парчами миллӣ шеъру таронаҳо хонданд.