22 Ноябр 2015
Давоми рӯз кормандони ташкилоту муассисаҳои шаҳр дар якҷоягӣ бо коргарони идораҳои хоҷагию коммуналӣ ва ободонии шаҳр кӯчаю хиёбонҳо ва ҷӯйборҳои Хуҷандро аз хазону партов тоза намуданд. Дар баробари ин кормандони идораи истифодабарии роҳхо кӯчаҳои марказӣ ва сернақлиётро аз назар гузаронида, бо маводи зиддигағжиш ва қуттиҳои махсуси нигоҳдории ин моддаҳо таъмин намуданд. Назар ба маълумоти Сарраёсати идораи хоҷагию манзилӣ ва коммуналии шаҳр давоми рӯз баробари ҳашарчиёни корхонаю ташкилотҳои шаҳр бештар аз 100 нафар кормандони муассисаҳои ин соҳа ва зиёда аз 30 нақлиёти махсус дар шанбегӣ иштирок намуданд.