16 Ноябр 2015
Бо мақсади сари вақт баррасӣ наудан ва ҳаллу масъалаҳои сокинон қабули Раиси шаҳр чун анъана тариқи «Равзанаи ягона» сурат гирифт.
Дар роҳбарони воҳидҳои сохтори давлатӣ, масъулини соҳаҳои иҷтимоӣ, сохтмону меъморӣ ва ғайра ширкат намуданд.
Нимаи авали рӯзи қабул ба Раҷаббой Аҳмадзода 27 нафар шаҳрвандон бо зиёда аз 30 масъалаҳо муроҷиат намуда, барои ҳалли мушкилоташон кӯмак хостанд. Аз шумораи умумии муроҷиаткунандагон 5 сокини шаҳр барои гирифтани маслоҳелеҳи сохтмон, 3 нафарӣ барои гирифтани замини наздиҳавлигӣ, мушкилоти истифодабарии хизмати коммуналӣ ва баҳси манзил, дархости кӯмаки молиявӣ низ 3 нафар ва таъмин бо ҷойи корию хобгоҳ 2 нафарӣ муроҷиат намуданд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳар кадоме аз муроҷиаткунандагон мулоқот намуда, бо ҷалби масъулини соҳа барои дар мӯҳлатҳои қонун муқаррар намуда баррасӣ намудани муроҷиати онҳо супориш дод.