11 Ноябр 2015
Дар кӯчаи ба номи Сайфӣ Қозиеви шаҳри Хуҷанд кормандони идораи «Суғдроҳ» давоми ду рӯз аст, ки мумфаршкунии пурраро оғоз карда, ният доранд, то интиҳои ҳафта ба анҷом расонанд. Барои таъмири кӯчаи мазкур беш аз 310 ҳазор сомонӣ сарф шуда, ки 90 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби сокинону соҳибкорони кӯча ва миқдори боқимондаи маблағ аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд мебошад. Масофаи умумии кӯча зиёда аз 1 км буда, масоҳати умумии мумфаршкунӣ бошад, 5 ҳазор метри мураббаъро дар бар мегирад.
Мумфарш намудани роҳҳо дар қисмати дигари кӯчаи Таги Сада ва кӯчаи ба номи Р. Эгамбердиев То интиҳои моҳи равон идома меёбад