04 Ноябр 2015
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳамроҳии муовини аввали сафири давлати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Чие Тамура аз фаъолияти ин маркази тиббӣ ва таҷҳизоти нав дидан намуданд.
Дар доираи ин кӯмаки бебозгашт ба маркази саломатии №4 10 намуд таҷҳизоти тиббии ташхисӣ- табобатӣба маблағи умумии беш аз 90 ҳазор доллари ИМА харидорӣ гашта, барои сари вақт аз ташхис гузаронидани сокинон ва бо сифат муқаррар намудани бемории онҳо мусоидат хоҳад кард.
Таҷҳизоти муосири тиббӣ аз қабили ташхиси ултрасадоӣ, дастгоҳи флюрографӣ, сабти барқии кори шараёни дил, таҷҳизоти физеотерапевтӣ рақамӣ буда, бо воситаи компютер идора мешаванд. Чунон, ки ба Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ва сафири давлати Ҷопон табибон иттилоъ доданд, давоми ду моҳ бо воситаи таҷҳизотҳои нав ба ҳисоби миёна ба 800-1000 нафар шаҳрвандон хизматрасонии босифати тиббӣ расонда шуд. Хамчунин дар ин марказ фаъолияти хучраи физиотерапевти аз 15-уми майи соли равон бо тачхизоти наву замонави огоз кардааст, ки он барои табобати беморихои узвхои харакату такягох васеъ истифода бурда шуда, бо тачхизоти Дарсенвалх ба таври музднок 39 амалиёт ба таври ройгон бошад 20 амалиёт гузаронида шудааст. Баъди ба истифода додани тачхизоти хучраи физиотерапевти гузаронидани амалиётхо 2 маротиб афзудааст, мегуянд духтурони маркази саломати.
Раиси шаҳри Хуҷанд ба табибону роҳбарияти маркази саломатӣ дастур дод, ки барои сокинону эҳтиёҷманд, маҷрӯҳон ва умуман қишри ниёзманди аҳолӣ хизматрасонии ройгон расонда шавад.
Лозим ба ёдоварист, ки маркази саломатии№ 4 аз соли 1968 ба сокинони минтакаи соҳили рости шаҳр хизмат расонда, то имрӯз бо таҷҳизоти тиббии истеҳсоли даврони шӯравӣ фаъолият мебурд. Ҳоло ин марказ ба наздик 45 ҳазор аҳолии вобасташуда хизмат мерасонад.