31 Октябр 2015
Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд қабули навбатии шаҳрвандон баргузор гардид.
Ҳамагӣ барои баррасии масъалаҳои худ 27 нафар сокинон муроҷиат намуданд.
Барои гирифтани кӯмаки иҷтимоӣ 2 нафар дастрас намудани масолеҳи сохтмонии ройгон ва таъмири хонаи истиқоматӣ 4 нафар, мусоидат барои гирифтани табобати ройгон 3 нафар аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки сокинон дархост намуданд.
Барои баррасии саривақтии муроҷиати сокинон мутасддиён вазифадор карда шуданд.