29 Октябр 2015
Иктидори моҳона бошад ба омода намудани 1,5 хазор дона либоси варзишӣ мерасад. Айни замон маҳсулоти дӯзандагони ин коргоҳро дар асоси шартнома ба шаҳри Маскави Федератсияи Руссия содир мегардад. Дар корхонаи дигари ин соҳибкор, ки бо истифода аз қоғазҳои истифодашуда истеҳсоли маҳсулоти худро ба роҳ мондааст, Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода аз раванди истеҳсолию фаъолияти он пурра ошно гардид. Ҳангоми боздид аз корхонаи ҶДММ «Қоғази тоҷик» маълум гашт, ки ҳоло дар коргоҳ омодагӣ ба насбу васли хатти нави коркарди қоғази истифодашуда рафта истодааст. Ин таҷҳизот дорои имкониятҳои боз ҳам бештар буда, баробари ба кор даромадани он, иқтидори коргоҳ ба маротиб бештар хоҳад шуд. Дар корхона ба ҷуз аз шароити мувофиқи корӣ ва маоши сазовор барои кормандони ҳамарӯза хӯроки нисфирӯзӣ ройгон дода мешавад.
Ҳоло корхонаи мазкур аз ҳудуди шаҳри Хуҷанд ва навоҳии атрофи он қоғазҳои истифодашударо харидорӣ намуда, баъди коркард қоғаз барои сохтани қутти сабуки боркашонӣ истеҳсол менамояд. Ҳангоми шиносоӣ аз имконоти корхонаҳои зикргардида Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода таъкид намуд, ки роҳбаряти корхона бо истифода захираҳои мавҷуда ва талабот харидорон дар дурнамои худ нақшаи рушди коргоҳро таҳия намуда доираи васеъ намудани фаъолият чораҳои мушаххас андешанд.