24 Октябр 2015

Ин ҳафта бештари масъалаҳои сокинон вобаста ба баҳси манзил буд. Барои мусоидати ҳалли чунин муаммо 6 нафар сокинон муроҷиат намуданд. Раҷаббой Аҳмадзода барои ҳалли саривақтии масъалаҳои баҳсии сокинон ва огоҳ намудани онҳо аз талаботи қонунҳои амалкунанда ба ҳуқуқшиноси дастгоҳи Раиси шаҳр супоришҳои мушаххас дод.
Ҳамзамон ба Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода сокини шаҳри Хуҷанд маҳаллаи «Навбаҳор» Хушбахт Маҳмудов муроҷиат намуд. Номбурда аз овони наврасӣ аз волидайни худ маҳрум гашта, айни замон дар парастории бобокалонаш қарор дорад. Хушбахт Маҳмудов аз Раиси шаҳри Хуҷанд барои пардохти маблағи таҳсили худ дар Донишгоҳи Давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон кӯмак дархост намуд. Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулини мақомоти маҳаллӣ дастур дод, ки санадҳои лозимаро барои баррасии ин муроҷиат омода ва пешниҳод намоянд.
Давоми рӯз ба Раиси шаҳри Хуҷанд ҳамчунин барои гирифтани кӯмаки масолеҳи сохтмон ва молиявӣ 13 нафар, мусоидат барои мумфарш намудани кӯча 4 нафар, ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ 3 нафар муроҷиат намуданд.
Ҳамагӣ дар рӯзи қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода муроҷиати 49 нафар қабул гардида, барои ҳаллу мусоидати он ба мутасддиён дастуру супоришҳо дода шуд.