22 Октябр 2015
Ба иттилои Сарвари давлат дар қаламрави вилояти Суғд тайи даҳ соли охир дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, кишоварзӣ, обрасонӣ, нақлиёту энергетика, хоҷагии манзиливу коммуналӣ ва гумруку андоз 45 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 6 миллиард сомонӣ мавриди амал қарор дошт, ки аз он 33 лоиҳа ба маблағи 5,2 миллиард сомонӣ ба анҷом расида, айни замон татбиқи 12 лоиҳаи дигар дар ҳаҷми беш аз 750 миллион сомонӣ идома дорад.
Дар баробари ин, зикр гардид, ки “дар ҳашт моҳи соли равон бо мақсади рушди иқтисодиёти вилоят ба маблағи 656 миллион сомонӣ сармоягузорӣ сурат гирифтааст, ки 429 миллион сомонӣ ё 66 фоизи онро сармояи мустақим ташкил медиҳад.
«Ғайр аз ин, ҳоло бо мақсади рушди минбаъдаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят татбиқи 8 лоиҳаи сармоягузории нав ба маблағи 1,3 миллиард сомонӣ оғоз шудааст, ки асосан ба рушди соҳаҳои нақлиёту энергетика, обрасонӣ ва хоҷагии манзиливу коммуналии вилоят равона гардидааст” – илова намуд Президенти мамлакат.
Мужда расонда шуд, ки соли оянда татбиқи лоиҳаи навсозии роҳи мошингарди Хуҷанд - Исфара, ки дарозиаш қариб 68 километр мебошад, бо ҷудо намудани беш аз 350 миллион сомонӣ (баробар ба 54 миллион доллари амрикоӣ) оғоз мегардад ва дар доираи ин лоиҳа инчунин қитъаҳои алоҳидаи роҳҳои маҳаллӣ дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Конибодом навсозӣ мешаванд.
Дар робита ба ин, ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи рушди маҳал ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд супориш дода шуд, ки барои сари вақт ва самаранок татбиқ намудани лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва ҷалби сармоя барои таъмини рушди соҳаҳои афзалиятноки вилоят тамоми имконияту захираҳои мавҷударо сафарбар намоянд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масоили вобаста ба соддагардонии шароити сармоягузорию соҳибкорӣ ва ба саҳми арзандаи бахши хусусӣ дар рушди иқтисоди миллӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, ба соҳибкорони ватандӯст ва бонангу номус барои саҳми ватандӯстонаашон дар вусъати раванди созандагию ободкорӣ кишвар арзи сипосу қадрдонӣ намуд.
Президенти мамлакат аз иҷрои барномаҳои давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла дар самти афзун намудани майдонҳои боғу токзор, истифодаи босамари заминҳои корам, афзоиши истеҳсоли меваю сабзавот ва дигар маҳсулоти соҳа изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамзамон доир ба зиёд намудани шумораи сардхонаҳою корхонаҳои саноатии коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва дар ин замина муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ ва боло бурдани иқтидори содиротии вилоят ва кишвар дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.
Ғайр аз ин, таъкид гардид, ки кишоварзони вилоят имконияти чандин баробар зиёд намудани майдони боғу токзор ва ба ин васила бамаротиб зиёд кардани содироти меваро доранд. Аз ин хотир ба Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят супориш дода шуд, ки нақшаи нави дарозмуҳлати бунёди боғу токзорро таҳия ва пешниҳод намоянд.
Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикагролизинг» вазифадор карда шуд, ки бо истифода аз алюминийи ватанӣ истеҳсоли гармхонаҳои хурди васлшаванда ва аз тариқи лизинг ба кишоварзон дастрас намудани онҳоро ба роҳ монад. Ба ин корхона ҳамчунин супориш дода шуд, ки барои дастрас намудани техникаи кишоварзӣ чораҳои зарурӣ андешида, якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят фаъолияти босамари фонди бозгашти лизингиро таъмин намояд.
Бо изҳори нигаронӣ аз корношоям гардидани як қатор пойгоҳҳои обкашӣ ва аз истифодаи босамар дур мондани 3100 гектар заминҳои обӣ дар вилояти Суғд ба Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ супориш дода шуд, ки барои таъмини фаъолияти пурраи пойгоҳҳои обкашӣ ва чоҳҳои амудӣ, дарёфти механизми пардохти ҳаққи хизмати обрасонӣ ва маблағҳои барқ чораҳои зарурӣ андешанд.
Ба масъулони вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти вилоят дастур дода шуд, ки бо истифода аз боду ҳавои мусоиди соли равон барои ба роҳ мондани кишти тирамоҳӣ, беҳсозии ҳолати мелиоративии заминҳо, бахусус аз худ намудани заминҳои бекорхобида аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода намуда, доир ба иҷрои дурнамои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини бозори истеъмолии кишвар дар тамоми фаслҳои сол тадбирҳои пайваста андешанд.
Тавре зикр гардид, барои ҳалли як зумра мушкилоти иҷтимоӣ ба аҳолӣ 12 ҳазору 500 гектар замин барои бунёди манзили зист ҷудо карда шуда, дар натиҷа қисми зиёди оилаҳои ҷавон соҳиби замини наздиҳавлигӣ ва манзили нави истиқоматӣ шуданд.
Ба таҷрибаи бунёди шаҳракҳои нав дар қаламрави вилояти Суғд, аз ҷумла шаҳракҳои Саразм (дар ш. Панҷакент), Моҳпарӣ (дар ш. Исфара), Сайҳун (дар н. Бобоҷон Ғафуров) ва Баҳористон (дар ш. Истаравшан) баҳои баланд дода шуд.
Бо зикри дастовардҳои бунёдкорӣ дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, аз ҷумла ёдоварӣ шуд, ки соли равон дар вилояти Суғд бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳо бунёд ва таъмири зиёда аз 100 иншооти соҳаи маориф ба нақша гирифта шудааст ва то имрӯз 26 иншоот мавриди истифода қарор гирифта, корҳои сохтмонӣ дар дигар иншооти соҳа идома доранд.
Дар давоми 10 соли охир охир тавассути ҳамаи сарчашмаҳои молиявӣ дар вилояти Суғд барои беш аз 41 ҳазор хонанда мактабҳои нав ва синфхонаҳои иловагӣ, беморхонаҳо бо 924 кат ва дармонгоҳҳо барои қабули 995 нафар дар як баст сохта, ба истифода дода шудаанд.
Зарурати ҳалли мушкили норасоии омӯзгорон дар муассисаҳои таълимӣ, такмили ихтисоси кормандони соҳаи маориф ва омӯзонидани касбу ҳунар ва ойини рӯзгордорӣ, хусусан ба ҷавондухтарон, аз ҷумла ҳунарҳои қолинбофию адрасбофӣ ва гулдӯзию зардӯзӣ таъкид гардид.
Бо ёдоварӣ аз дастовардҳои намоён дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва мушкилоти вобаста ба таъини нафақаҳои маъюбӣ ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, сохторҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд супориш дода шуд, ки барои дақиқ муайян кардани шумораи маъюбон, шаффофу воқеъбинона таъин намудани нафақаи маъюбӣ ва аз байн бурдани ҳама гуна ҳолатҳои қонунвайронкунӣ дар ин самт чораҳои бетаъхир андешанд.
Дар охир раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ сухан гуфта, изҳор дошт, ки барои иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат ва афзун намудани нишондодҳои истеҳсолӣ, бунёдкориву созандагӣ ва дар маҷмӯъ таъмини рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии вилоят тамоми имкону захираҳои мавҷударо сафарбар менамоянд.
АМИТ «Ховар