17 Октябр 2015

Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода арзу муроҷиати сокинонро қабул намуда, барои ҳалли саривақтии онҳо дар мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи қонун ба роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва шӯъбаҳои дахлдори мақомоти маҳаллӣ дастурҳои мушаххас дод. Дар нимаи аввали рӯзи қабули шаҳрвандон ба Раиси шаҳри Хуҷанд барои кӯмаки гирифтани масолеҳи сохтмонии ройгон 7 нафар, барои мусоидат намудан дар баҳси оилавӣ ва манзил 4 нафар, барои ба қайд гирифтан дар навбати ҷудо намудани замини наздиҳавлигӣ 2 нафар, сари вақт ҳал намудани масалаҳоии коммуналии манзили истиқоматӣ дар бинои баландошёна ва кӯмаки ҳимояи ҳуқуқӣ 1 нафарӣ ва дигар масъалаҳо бошад 3 нафар муроҷиат намуданд.
Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулини соҳаҳои дахлдор таъкид намуд, ки тамоми муроҷиаткунандагон бояд сари вақт мушкилоти худро ҳал намуда, иҷроиши онҳо зери назорати мутасаддиён қарор дода шавад.