09 Октябр 2015
Чуноне, ки пештар иттилоъ дода будем, ҳоло қисме аз кӯчаю роҳхои нақлиётии шаҳр мумарш гашта, идораи кабудизоркунӣ бошад ба шинондани гулу буттаҳои тирамоҳӣ оғоз намуданд.
Чунин корҳо аз ҷумла дар маҳаллаи «Ваҳдат», кӯчаи ба номи Султон Умарӣ идома дорад. Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода аз рафт ва сифати корҳои идомаёфтаистода дидан намуд. Роҳи минтақаи мазкур, ки кӯчаи ба номи Султон Умариро бо маҳаллаи «Чашма» ва роҳи самти зеристгоҳи «Ваҳдат»-ро бо ҳам мепайвандад, пурра мумфарш гардида, дар қади роҳ ниҳолҳои сояафкани навъи «Ардач» шинонда шуданд. Ин роҳ давоми 25 соли охир бори аввал таъмир гашта, ҳоло бо кувваи якҷояи Ширкати «Суғдроҳ» ва Муассисаи давлатии идораи роҳсозии шаҳри Хуҷанд то интиҳои ҳафта пурра аз таъмири хушсифат бароварда мешавад. Масофаи умуммии роҳи асфалтпӯшмешуда зиёда аз ду километрро ташкил хоҳад дод. Ҳамчунин дар минтақаи мазкур тибқи нақша зиёда аз 500 бех ниҳолҳои сояафкани «Ардач» ва 6 ҳазор гулҳои тирамоҳӣ шинонда хоҳад шуд. Барои сари вақт таъмин намудани гулу дарахтон бо об хатти оби полезӣ кашида шудааст, ки он имкон медиҳад сари вақт мувофиқи талаботи агротехнологӣ обёрӣ гардад.
Қайд намудан ҷоиз аст, ки дар мавсими тирамоҳу зимистони имсола шумораи умумии гулҳои ороишии мавсимӣ 100 ҳазор донаро ташкил дода, дар назар аст, ки дар моҳҳои сардӣ низ шаҳри Хуҷандро гулҳои рангоранги ба хунукӣ тобовар, маркази вилоятро зебо хоҳанд намуд