07 Октябр 2015
Бо мақсади шиносоӣ вазъи ин маҳал ва ҳалли мушкилоти мавҷуда Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода аз мавзеи номбурда дидан намуд. Ҳангоми боздид Раиси шаҳрро роҳбарияти Бозрасии Давлатии Автомобилии шаҳри Хуҷанд, Бозрасии назорати нақлиёт, масъулини шӯъбаи меъморию шаҳрсозӣ, идораи Автовакзал шаҳр ва дигарон ҳамроҳӣ намуданд. Раҷаббой Аҳмадзода аз ҳолати имрӯзаи ҳаракати наклиёти мусофиркашонӣ, ҷамъиятӣ ва кирояи байнишаҳрӣ дар кӯчаҳои ба номи Камоли Ҳуҷандӣ, Барака Бобоева, Бахтиёр Ёқубов эроди ҷиддӣ гирифт.
Мавҷуд набудани реҷаи муайяни корӣ, ташкили истгоҳхои ғайриқонунӣ, фаъолияти беиҷозатномаи қисме аз ронандагони хатсайри берун аз шаҳрӣ аз муаммоҳое буданд, ки ҳангоми сӯҳбат ронандагон ба Раиси шаҳр номбар намуданд.
Барои рафъи камбудиҳои ҷойдошта Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳбарони сохторҳои дахлдор як ҳафта мӯҳлат муқаррар намуда, онҳоро огоҳ намуд, ки дар сурати иҷро нагардидани ин супориш нисбати онҳо чораҳои мушаххас андешида мешавад.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ҳамчунин аз ҳолати ҷойгиршавии ғайриқонунии нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти хӯрока, вайрон намудани қоидаҳои истифодабарии роҳрав барои пиёдагардон, бенизомии овезаҳои таблиғотии марказҳои хизматрасонии дар ин ҳудуд ҷойгиршуда изҳори нигаронӣ намуда, супориш дод, ки камбудиҳои мавҷуда, дар муҳлати се рӯз ислоҳ гарданд.
Эътибори хоса ба фаъолияту хизматрасонии идораи Автовакзал шаҳр дода шуд. Фароҳам овардани шароити мусоид барои мусофирону ронандагони нақлиёти байнишаҳрӣ, ташкили хизматратрасонии баланди мусофиркашонӣ, риоя намудани тозагию обод нигоҳ доштани мавзеи атрофи истгоҳи нақлиётӣ аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд ба роҳбарияти ин муассисаи хизматрасонии нақлиётӣ таъкид гардид.