05 Октябр 2015
То имрӯз роҳсозони Хуҷанд дар хиёбони ба номи И. Сомонӣ ба масоҳати 450 метри мураббаъ, ки масофаи 65 метр аст, таъмири ҷориро ба анҷом расонданд. Айни замон мумфаршкунии роҳи нақлиётии самти зеристгоҳи «Ваҳдат» идома дошта роҳсозон ният доранд давоми моҳи октябр аз таъмири хушсифат бароварда, ин кӯчаро низ барои истифода супоранд.
Тибқи нақша дар мӯҳлати зикргардида масофаи 1,2 км роҳи ин кӯча мумфарш гардида, барои ҳаракати мунтазами нақлиёт аз гардишгоҳи кӯчаи ба номи Султон Умарӣ то зеристгоҳи «Ваҳдат» мусоидат намояд. Лозим ба ёдоварист, ки дар асоси дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон давоми ду сол аст, ки кӯчаю хиёбонҳои маркази вилоят,- шаҳри Хуҷанд азнавсозӣ ва таъмир мешавад.
Дар асоси ин дастури сарвари давлат соли равон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таъмири 57,1 км роҳҳои шаҳрро ба нақша гирифта буд. То имрӯз бошад дар 42 километри роҳи ба нақша гирифта, 13 км пурра мумфарш гардида, 29 км он аз таъмири ҷорӣ бароварда шудааст.
Аз оғози соли 2015 то имрӯз дар шаҳри Хуҷанд 100 кӯчаю роҳҳои автомобилгард таъмиру асфалтпӯш карда шуданд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳриХуҷанд тасмим дорад то анҷоми мавсими корҳои асфалтхобонӣ, нақшаи солонаи таъмири роҳҳои шаҳрро иҷро намояд.