29 Сентябр 2015

Имсол низ тибқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд барои рушди ҳунарҳои суннатӣ ба 15 нафар ҳунармандон соҳиби гранти Раиси шаҳри Хуҷанд гаштанд.
Бо назардошти баргузории чорабиниҳои идона бахшида ба «Рӯзи шаҳри Хуҷанд» ин навбат расми супоридани грант дар доираи таҷлили ин рӯзи таърихӣ баргузор гардид.
Имсол низ барои 5 нафар занони адрасу атласбоф, заргару гулпарварва ва ҳунари кафшергар панҷ ҳазор сомонӣ, барои панҷ нафар сӯзанидӯзу қолинбоф се ҳазор сомонӣ, ҳамчунин 5 нафар дӯзандаю кешбоф ва йӯрмадӯзу қуроқдӯз се ҳазор сомонӣ супорида шуд. Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ва муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ дар ҳузури иштирокдорони ин ҳамоиш ба бонувони ҳунарманд диплом ва маблағҳои грантиро бо тантана супориданд.
Маблағи умумии гранти Раиси шаҳр 50 ҳазор сомонӣ буда он аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд маблағгузорӣ шудааст.