29 Сентябр 2015

Қаблан муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ, Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ва муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ ва академики Академияи фанҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Кароматулло Олимов дар назди меҳмонон ва иштирокдорони чорабинии идона суханронӣ намуданд.
Муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ паёми шодбошии Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодириро ба самъи ҳозирон расонд.
Баъдан Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода тамоми ширкаткунандагон ва сокинони маркази вилоятро бо ин рӯз табрик намуд.

Бале ҳақ ба ҷониби сарвари давлат мебошад, ки Хуҷанд ва мардуми он дар баробари қадам задан бо замони муосир дороиҳои анъанавӣ ва маънавии хешро ҳифз менамоянд ва онро барои ояндагон мерос мегузоранд»
Академики Академияи фанҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Кароматулло Олимов табрикоти самимии олимону ходимони илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба мардуми сарбаланди Хуҷанд расонд.
Баъдан ба ширкаткунандагони тантанаи «Рӯзи шаҳри Хуҷанд» намоиши театркунонидашуда ва консерти калони идона бо иштироки устодони санъат ва ҳунармандони вилоят пешкаш гардид.