19 Сентябр 2015
Яке аз ин тадбирҳо ташкили ярмарка-намоиши маҳсулоти ниёзи аввала дар минтақаҳои гуногуни шаҳр мебошад.
Аз субҳи имрӯз низ дар майдони «Ситораҳои Хуҷанд» намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, маводи ғизо аз ноҳияҳои кишоварзии вилояти Суғд ташкил гардид.
Сокинони маркази вилоят имкон доштанд аз маҳсулоти пешниҳоднамудаи деҳқонон бо нархҳои нисбатан арзон харидорӣ намоянд. Дар ярмарка-намоиш нархи картошка, равған, биринҷ, гӯшт, сабзӣ ва биринҷ то 30 фоиз аз нархҳои муқаррарии бозорҳои шаҳр ба фурӯш гузошта шуда буд. Чунон, ки чанде аз харидорон иброз доштанд, маҳз ташкили чунин намоиш-фурӯш имкон медиҳад, ки ба қадри кофӣ ва бештар аз он маводи талаботи рӯзғорро харидорӣ намуда, на танҳо бар зиндагии рӯзмарраи худ балки барои зимистон низ захира намоянд.
Макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тасмим дорад, минбаъд низ чунин фурӯшгоҳхои муваққатиро дар минтақаҳои гуногуни шаҳр ташкил намуда, ба коҳиш ёфтани нархи маҳсулот ва ба дастрасии қишри ниёзманди сокинон ба маводи ғизо мусоидат намоянд.