18 Сентябр 2015
Дар тақвими ҷашнҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 сентябр Рӯзи Рӯдакӣ муқаррар гардидааст, ки ин санаи фархундаро метавон рӯзи шеъри оламгири форсӣ низ муаррифӣ намуд.
Воқеан, қудрату нерӯи ҳар забон, пеш аз ҳама, ба нерӯи хирад ва заковати суханварон ва андешапардозон пайванд аст. Аз ин ҷост, ки чун сухан дар мавриди забони тоҷикӣ ва шеъри оламгири форсу тоҷик меравад, шахсияти устод Рӯдакӣ ба ҳайси нахустин сухангустаре, ки дар вусъати меъёрҳои аслии шинохти шеър гуфтору андеша ва афкори хешро щунҷоиш додааст, намоён мегардад.
Бузургдошти Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар шумори муҳимтарин тадбирҳое маҳсуб мешавад, ки дар канори бозгӯии нақшу мақоми сиёсати давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди гиромӣ доштани ёди азизони миллати тоҷик ва арҷу тақдири чеҳраҳои беназири адабии ҷомеаи мо ба сӯи худшиносиву худогоҳӣ ҳидоят менамояд. Ашъори Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар маҷмӯъ хазинаи гаронмояи адабиёт аст. Шеър барои Рӯдакӣ василаест, ки нигоҳ, ақидаҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва фалсафии ӯро аз дидгоҳи щайримуқаррарӣ ифода мекунад. Хулосаи нигоҳи муҳаққиқон он аст, ки решаи шеъри Рӯдакӣ то замонҳои қабл аз ислом, то Авасто рафта мерасад, ки ин аз ҷаҳонбинӣ ва афкору пиндори фарохи шоир шаҳодат медиҳад. Бузургтарин ҳунари Рӯдакӣ он аст, ки бо эҷоди тамоми ашъори худ қудрату щаномандии забони тоҷикӣ-форсиро вусъат бахшидааст. Забони шеъри ӯ зебову щанист.
Рӯдакӣ ҳанӯз дар замони худ дар байни аҳли адаб, тазкиранигорон ва дигар табақаҳои ҷомеа шуҳрати азим ва мақоми баланд дошт. Дар тамоми тазкираҳо, асарҳои адабиву таърихӣ номи Рӯдакӣ чун шоири пурқудрату боистеъдод зикр гардидааст. Бисёр шоирон дар ашъори худ Рӯдакиро бо эҳтиром ёдовар шуда, ӯро «Одамушшуаро», «Соҳибқирони шоирӣ», «Устоди шоирони ҷаҳон» хондаанд.
Устод Рӯдакӣ ба ин мақоми баланд дар натиҷаи фаъолияти фидокорона дар устувор гардидан ва такомулу тараққӣ додани назми форсизабонон сазовор гардидааст.
Баргузории Рӯзи Рӯдакӣ моро ба асли хеш, бо нахустин давлати миллиамон – давлати Сомониён, бо андешаҳои воло ва ҷовидонаи Исмоили Сомонӣ ва дигар шоҳони адолатпешаву фарҳангдӯсти ин давлати бузург ба таври ногусастанӣ мепайвандад.
Агар Исмоили Сомонӣ кишвари бузургеро барпо карда бошад, Абӯабдуллои Рӯдакӣ бо каломи зебову шевояш олами дилҳоро тасхир ва ҷаҳони маънавиётро ривоҷ додааст.
Рӯдакӣ ифтихори миллӣ ва сарбаландии мо мебошад.
Боварӣ дорам, ки ин иди бошукӯҳ ба болоравии ифтихори хештаншиносию ватанпарастии имрӯзу ояндаи тоҷик мусоидат мекунад.
Рӯзи Рӯдакӣ муборак, ҳамшаҳриёни азиз!
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода