17 Сентябр 2015
Раиси вилоят зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳо таъкид дошт, ки шаҳри Хучанд бо дарёи Сири паҳновараш дар гузаштаву имрӯз ҳамчун шаҳри ободу зебо ва тозаву озода шинохта шудааст. Аз инрӯ бояд корҳои ободониву созандагӣ идома дода шудаву соҳили дарёи Сир ба як макони хуби истироҳату фароғат ва дилкашу зебо табдил дода шавад.
Абдураҳмон Қодирӣ илова намуд, ки пас аз анҷоми корҳои тозасозии соҳил дар ин мавзеъ бояд 2 ҷойи махсуси оббозӣ бо фароҳам овардани шароити хуби истироҳату фароғат ташкил карда шавад. Зеро табиат ва ҳавои форами соҳили дарёи Сир барои ташкили чунин корҳо хело мувофиқ мебошад. Илова бар ин шинонидани дарахтони ороишӣ дар ин мавзеъ мувофиқи матлаб арзёбӣ шуд.
Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ва шаҳри Хуҷанд ният доранд соҳили чапи дарёро аз кӯпруки асосии шаҳр то кӯпруки «Ҷашнӣ» ободу зебо намоянд.
Раиси вилоят ба масъулини Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ва дигар шахсони масъул дастур дод, ки бояд ба таври ҳамешагӣ соҳили дарёи Сир аз ҳар гуна партовҳо тоза карда шавад.