16 Сентябр 2015
Дар асоси ин қарори номбурда санаи 26 сентябри соли 2015 дар қаламрави шаҳри Хуҷанд “Рӯзи шаҳри Хуҷанд” бо тантана таҷлил карда мешавад.
Барои баргузории ин чорабинӣ дар сатҳи баланд нақшаи чорабиниҳо ва ҳайати кумитаи тадорукот оид ба таҷлили “Рӯзи шаҳри Хуҷанд” тасдиқ карда шуда, Шӯъбҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр, маориф, кор бо занон ва оила, меъморӣ ва шаҳрсозӣ, бахшҳои фарҳанг, ҷавонон, варзиш ва сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва дигар воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷиҳати татбиқи нақшаю чорабиниҳои мазкур ва дар сатҳи баланди ташкиливу сиёси шузаронидани “Рӯзи шаҳри Хуҷанд” тадбирҳои мушаххас андешида хоҳад шуд. Дар ҳамина замина Бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр вазифадор гаштаанд,ки барномаи театрикунонидашуда ва консерти идонаро бахшида ба таҷлили “Рӯзи шаҳри Хуҷанд” таҳия намуда, ҷиҳати гузаронидани озмуну намоишҳо доир хоҳанд кард.