12 Сентябр 2015
Бо мақсади амалӣ гаштани дастуру супоришҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 23 январи соли 2015 таъкид гашта, бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар ин маҳалла боғчаи бачагона барои 360 ҷой ба истифода дода шуд.
Ба ин муносибат дар ин муассисаи томактабӣ ҳамоиши тантанавӣ бо иштироки Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуданд.
Дар саҳни ин боғча сокинони маҳалла, омӯзгорон, волидайни тарбиятгирандагони ҷамъ омада, иштирокдорону меҳмонони ин чорабиниро бо шеъру суруд гарм пазироӣ намуданд. Боғчаи мазкур давоми якуним сол бунёд гашта, барои сохтмони он 5 миллион сомони маблаг сарф шудааст. Ин муассисаи барои 360 нафар тарбиятгиранда пешбинӣ гашта, дорои ҳама гуна шароит буда, бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гаштааст.
Бо буридани лентаи рамзӣ Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ аз утоқҳои компютерӣ расмкашӣ, толори варзишӣ мусиқӣ, хуҷраи хоб ва гурӯҳи тарбиятгирандагон дидан намуда, дар машғулият ва хушҳолии кӯдакон иштирок намуд. Кӯдакистони мазкур давоми беш аз 25 сол аз фаъолият бозмонда буд. Ҳоло бошад ин муассисаи томактабӣ аз 30 ҳуҷра иборат аст. Барои 360 нафар кӯдакон 12 нафар тарбиятдиҳандагони соҳибтахассус минбаъд таълиму тарбия медиҳанд. Умуман дар ин кӯдакистон беш 60 нафар ба тарбия таълим ва нигоҳубини атфол машғул хоҳанд шуд.
Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ баъди боздид аз шарту шароити ин муассисаи навбунёд бо кормандони соҳаи маориф ва волидайни кӯдакон суҳбат намуд. Қайд гардид, ки дар вилоят беш аз 220 муассисаҳои томактабӣ амал мекунад, ки 14 фисади кӯдаконро бо таълиму тарбия фаро гирифта дар шаҳри Хуҷанд бошад дар 35 кӯдакистон зиёда аз 8 ҳазор нафар бачагон тарбия мегиранд, ки он 40 фоизро ташкил медиҳад.
Дар ҳудуди маҳаллаи собиқ микроноҳияи сеюм 2200 нафар аҳолӣ иқомат дошта, ин ягона муассисаи томактабӣ маҳсуб меёбад.