08 Сентябр 2015
Раиси шаҳри Хуҷанд Рачаббой Аҳмадзода бо ҳамроҳи иштирокдорони баратараф намудани ин офат бо гузоштани нома барои наслҳои оянда ва санги асос, сохтмони лавҳаи ёдгорӣ барои иштирокчиёни бартараф намудани садамаи Чернобил шуруъ гардид. Лавҳаи ёдгорӣ бо хиссагузории Ташкилоти Ҷамъияти Иттифоқи иштирокдорони баратараф намудани садамаи Неругоҳи Чернобил ва Идораи сохтмони асосии шаҳри Хуҷанд ба маблағи умумии беш аз 100 ҳазор сомонӣ бунёд мешавад. Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода супориш дод,ки бунёди ин лавҳаи ёдгорӣ бояд дар арафаи 30-юмин солгарди садама дар неругоҳ атомӣ ба анҷом расонда шавад.