04 Сентябр 2015
Дар оғоз Мирзо Исмоилов доири саҳми арзандаи барқчиёни маркази вилоят ҳарф зада таъкид намуд, ки аз рӯи нишондиҳандаҳои фаъолият ин коргоҳ яке аз муассисаҳои беҳтарини кишвар аст.
Барои фаъолияти пурсамар аз ҷониби ширкати мазкур ба се нафар нишони сарисинагии «Аълочии барқи Ҷумҳурии Тоҷикистон» супорида шуда, ба чанде аз дигар кормандон Ифтихорнома ва ба роҳбарони собиқи ин коргоҳ «Сипоснома» супорида шуд. Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дар суханронии табрикии худ изҳор дошт, ки бо кушишу заҳматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмини истиқлолияти энергетики кишвар ҳамасола марҳила ба марҳила таъмин мегардад. Дар ин самт саҳми энергетикҳои шаҳр низ шоёни қайд аст.
Ба ифтихори ин санаи таърихӣ Раҷаббой Аҳмадзода ба собиқадорон ва кормандони фаъоли идораи Шабакаи барки шаҳри Хуҷанд Ифтихорнома, Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорид.
Шабакаҳои барқи шаҳри Хуҷанд мохи августи соли 1995 аз шабакахҳои барқии «Ленинобод» ҷудо гардида, тайи 20 соли охир ҳамчун шабакаҳои барқи минтақавии мустақил фаъолият мебарад.