(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Гулбаҳор Махкамова дар интихобот пирӯз гашт.Дар асоси қарори Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз санаи 30 июни соли равон дар ҳавзаи интихоботӣ ба № 5 «Масҷиди сурх»-и шаҳри Хуҷанд, ба ивази вакили хориҷшуда, санаи 30 августи соли равон интихоботи такрорӣ ба мақоми вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғдро, баргузор гардид.
Дар ҳавза ду нафар номзад Гулбаҳор Махкамова ва Хайём Турсунов ба кайд гирифта шуда буданд.
Назар ба маълумоти комиссияи ҳавзавии интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд интихобот тибқи талаботи қонунҳои амалкунандаи кишвар доир гашта, дар он аз 16 565 нафар ҳуқуқи дар интихобот иштирок дошта, 13336 нафар дар рӯзи интихобот ширкат намуданд, ки он 80, 5 % -ро ташкил медиҳад.
Аз шумораи умумии дар интихобот иштирок дошта, 64,1 % сокинон ба тарафдории Гулбаҳор Маҳкамова овоз доданд. Бо назардошти ин тибқи натиҷаи овоздиҳӣ Гулбаҳор Маҳкамова вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии № 5 «Масҷиди сурх»-и шаҳри  Хуҷанд интихоб гардид.
Махкамова Гулбаҳор Махсудовна 19 сентябри соли 1971 дар шаҳри Хуҷанд, вилояти Суғд дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Соли 1988 баъди хатми мактаби миёнаи №22 ба Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, факултаи «Забон ва адабиёти рус» дохил шуда, онро соли 1993 бо муваффақият хатм карда, соҳиби ихтисоси омўзгори фанни забон ва адабиёти рус гардидааст. Барои гирифтани маълумоти дувум ба факултаи иқтисодии донишгоҳи номбурда дохил шуда, онро соли 2005 бо дипломи аъло хатм намуда, соҳиби ихтисоси иққтисодчӣ гардидааст. Номзади илмҳои таърих ва антропология мебошад.  фаъолияти кориро аз соли 1993 дар вазифаи омўзгори кафедраи забони русии муосир дар Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи Б.Ғафуров оғоз намудааст. Аз соли 1998 то ин ҷониб дар вазифаи Директори генералии Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон фаъолият мебарад. Ҳамзамон солҳои 2005-2008 дар вазифаи Ҷонишини аввали директори генералии Фонди байналхалқии қарздиҳии хурди «ИМОН» ва аз соли 2008 то ин ҷониб ба ҳайси Ҷонишини аввали директори генералии ҶДММ ТАҚХ «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ»  фаъолият мебарад.
Махкамова Гулбаҳор хатмкунандаи барномаи байналмиллалии омӯзишии «Роҳбарӣ барои рушди устувор» буда, ҳамзамон, дорандаи стипендияи «Барномаи мубодилавии минтақавии  ACCESS» дар Донишгоҳи Колумбия, Ню Йорк, ИМА мебошад. Дар чандин тренингу машваратҳои касбӣ ширкат варзида, донишу малака ва маҳорати роҳбарикунандаи худро сайқал намудааст. Аз ҷумла иштирокчии барномаи дусолаи «Зан ва мавқеи он дар рушди устувор», LEAD International, ИМА; Омузиши «Банақшагирии тиҷорат ва тарҳрезии молиявӣ», Маркази молиявии хурди Полша, ш. Тбилиси, Гурҷистон; Семинари таҷрибавии «Баҳогузории таъсиррасонӣ ба мизоҷ», SEEP, Вашингтон, ИМА; Давраи таҷрибаомӯзӣ дар бонки молиявии хурди «ACLEDA», Камбоҷа; Тренинги «Маблағгузории хурди устувор» дар ш. Турини Итолиё ва ғайра дар миқёси байналмиллалӣ мебошад.
Ӯ соли 2012 нахустин озмуни ҷумҳуриявии «Фараҳ» - беҳтарин зани соҳибкорро дар Тоҷикистон ташкил намудааст, ки минбаъд он дар ҳар ду сол як маротиба дар миқёси ҷумҳурӣ бо ташаббуси Ассотсиатсияи Миллии занони соҳибкори Тоҷикистон ташкил ва гузаронида мешавад.
Гулбаҳор Махсудовна бо Ифтихорнома ва Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд сарфароз гардидааст. Аъзои Ҳизби Халқи-Демократии Тоҷикистон мебошад. Оиладор, соҳиби 3 фарзанд аст. Номзадиашро ба вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз Ҳизби Халқи-Демократии Тоҷикистон пешниҳод кардааст.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин г...
Фирӯза Нуруллозода Фирӯза Нуруллозода Муовини Раиси шаҳрФирӯза Нуруллозода 9 феврали соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акад...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Сол...

Роҳбарони сохторҳо

Алимов У.С. Алимов У.С. Алимов Усмон Собирҷонович 20-уми майи соли 1958 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1979 Донишгоҳи да...
Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Миркамолов М. Н. Миркамолов М. Н. Миркамолов Муҳсин Насруллоевич 10-уми ноябри соли 1959 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1980 Донишгоҳ...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми  августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи пол...
Самадов С.А. Самадов С.А. Самадов Сӯҳробҷон Абдусамадович 29-уми декабри соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1998 филиали ...
Собитова М. А. Собитова М. А. Собитова Мунзифа Аҳмадовна 14-уми  сентябри соли 1960 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ, соли 1982 Донишгоҳи д...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Таҳсилот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев Музаффар Анварович 8 августи соли 1982 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи да...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева Муҳайё Ҳалимовна 28 сентябри соли 1967 дар оилаи хизматчц ба дунё омадааст. Соли 1990 Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Душан...
Мухбира Дониёрова Мухбира Дониёрова Тибқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз 30-юми июли соли равон мудири шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр Мухбира Дони...
Солизода Раҳим Солизода Раҳим Солизода Раҳим Рашидӣ бо қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз моҳи июли соли 2017 ба вазифаи мудири бахши нақлиёт ва алоқа таъин гардид. Солизода Р...
Каримов Манучеҳр Каримов Манучеҳр Каримов Манучеҳр Мухторович бо фармоиши Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2018 бо тариқ...
Усмонова Т. Ҳ. Усмонова Т. Ҳ. Усмонова Таҳмина Ҳасановна 23 октябри соли 1982 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Миллата...
Юсуфӣ У, C. Юсуфӣ У, C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз3178
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта6200
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта22401
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта36839
mod_vvisit_counterҲамин моҳ33469
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта152561
mod_vvisit_counterҲамагӣ4879765