28 Август 2015

Имрӯз Раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ аз корҳои омодагӣ ба мавсими шинондани гулҳои тирамоҳӣ ва ҳолати нашъунамои гулҳои ороишӣ ба Муассисаи давлатии идораи кабудизоркунии шаҳр омад.Раҷаббой Аҳмадзода нахуст гармхонаи Ширкати гулпарварии «Гулафшон»,ро аз назар гузаронд. Маълум гардид, ки тайёрии гулпарварон ба фасли тирамоҳу зимистон дар сатҳи зарурӣ қарор доранд ва омода ҳастанд, ки кӯчаву хиёбонҳо ва ҷойҳои истироҳатии шаҳрро бо гулҳои тару тоза зеб диҳанд. Ҳамчунин, Раиси шаҳр бо рафти корҳо дар Идораи кабудизоркунӣ ошно гардид ва ба масъулини соҳа дастуру супоришҳо дод. Онҳоро вазифадор кард, ки то моҳи октябр ҳамаи роҳравҳои кӯчаҳоро омода карда, гулҳои ба давраи тирамоҳу зимистон тобоварро шинонанд.Мувофиқи нақша дар давраи тирамоҳу зимистон масъулин бояд 150 ҳазор гулҳои ороишӣ шинонанд.