23 Август 2015
Дирӯз Раиси шаҳр бо сокинон ва фаъолони маҳаллаи Масҷиди Савр вохӯрӣ доир намуда, аз вазъи роҳи кӯчаҳои маҳаллаи мазкур бохабар гашт. Роҳи кӯчаҳои Деҳқон ва Садоқати маҳалла солиёни зиёд таъмирталаб будааст, аз ин рӯ, Раиси шаҳр тасмим гирифт, ки нахуст мумфаршкунии ҳамин кӯчаҳо оғоз карда шавад.
Барои асфалтхобонии кӯчаҳо беш аз 5 куб шағал бо кӯмаки Мақомоти иҷроияи шаҳр ва номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Гулбаҳор Махкамова дастрас карда шуд. Сокинони маҳалла бо рӯҳияи қаноатмандӣ ва шукрона аз чунин дастгириҳои Раиси муҳтарами шаҳр корро тариқи ҳашар оғоз карданд. Ҳоло онҳо шағалро паҳн намуда, то рӯзи ҷумъа кӯчаҳоро комилан барои асфалтхобонӣ омода месозанд.