(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ярмарка-фурӯши лавозимотҳои мактабӣ

Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арафаи таҷлили ҷашни бузурги таърихӣ 24-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Ба ин муносибат дар шаҳр чандин воқеаву чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ баргузор шуда истодаанд.
Ба ин муносибат дар назди бинои Китобхонаи оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ «Ярмарка-фурӯши лавозимоти мактабӣ» доир гардид. Дар он Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок кард.
Тамоми хонандагону волидон ва устодони мактабҳои миёнаи умумӣ барои иштирок ва харидани лавозимоти мактабӣ ба ярмарка омада буданд. Дар ярмарка аз қаламу дафтар то либосҳои шинаму замонавии мактабӣ пешкаши волидон ва хонандагон гардид. Раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода бо фурӯшандагони ярмарка сӯҳбат карда, аз маҳсулоти пешкаш намудаи онҳо изҳори қаноатмандӣ кард. Маълум гардид, ки нарху навои лавозимоти мактабии дар ярмарка пешкаш шуда, нисбати нархи бозор 20 фоиз арзонтар аст.
Сипас дар қисмати расмии чорабинӣ Раҷаббой Аҳмадзода сухан карда, иброз намуд, ки дар ҳама давру замон мактабу маориф мақом ва мавқеи хосаро соҳиб аст. Бо қаноатмандӣ қайд кардан лозим аст, ки муассисаҳои маорифи шаҳр ин рисолати худро иҷро карда меоянд.
-Хонандагони лаёқатманди мактабҳои шаҳр дар Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ иштирок карда, ба гирифтани 15 мақоми ифтихорӣ мушарраф гардиданд, ки ин нишондиҳандаи беҳтарин дар миқёси ҷумҳурӣ аст,-гуфт Раиси шаҳр зимни суханронӣ ва ҳамзамон афзуд, ки,- бобати ташаккул додани шавқу завқи хонандагон ба омӯзиши илму маърифат, ҷалби бештари онҳо ба тадқиқоти илмӣ, навиштани мақолаю гузоришҳо ва дар ин замина дарёфт намудани  хонандагони болаёқату  соҳибистеъдод  озмуни ҷумҳуриявии сессияи «Академияи хурди илмҳо» баргузор гардид, ки аз 43 нафар хонандагони дар озмун иштирокдошта, 16 нафар ҷойи якум, 3 нафар ҷойи дуюм, 1 нафар ҷойи сеюм, 14 нафар аъзо-корреспонденти ҳақиқӣ, 9 нафар узви вобастаи академияи мазкур пазируфта шуданд.
Аз суханони Раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода аён гардид, ки айни замон дар мактабҳои шаҳр 76 синфхонаҳои компютерӣ барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия мавриди истифода қарор дода шудаанд ва ҳамаи онҳо ба шабакаи интернет пайваст мебошанд.
Омӯзгорон ва толибилмони муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд ҳамасола баҳри  иҷрои дастуру супоришҳои ҷаноби олӣ, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд, муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ кӯшишу ғайрат намуда, баҳри дар амал татбиқ намудани Дастурамали вазорати маориф дар бораи либоси тавсиявии хонандагони муассисаҳои таълимӣ иқдомҳои нав ба навро пеш гирифта истодаанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо мақсади таъмини хонандагони мактабҳо бо либоси ягонаи мактабӣ ва бедор намудани завқи зебоипарастӣ дар ниҳоди  хонандагон тасмим гирифт, ки ҳар як мактаб дар намуди алоҳида соҳиби либоси мактабии худ гардад.
Мутобиқи талаботи Дастурамали либоси тавсиявии хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар ҳамкорӣ бо ҷамъиятҳои дорои масъулияташон маҳдуди “Нассоҷи Хуҷанд” “Текстил-Сити”, “Модерн”, “Шероз”, “Раҳимӣ”, “20-солагии Истиқлолият”, “Наргис”, “Асри тиллоӣ”, “Банорас”, “Парки технологии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон”, “Алёнка”, “Бофанда” ва соҳибкорони инфиродӣ “Мансурова”,  “Ҷамолов”,  “Юсупова Гулрухсор”,  “Турсунова”  ҳамаи толибилмон бо либоси мактабӣ таъмин гашта истодаанд.
Дар соли хониши нав дар муассисаҳои таълимии шаҳр 33 ҳазору 642 нафар хонандагон таҳсил мекунанд, ки аз онҳо то имрӯз 5 ҳазору 560 нафар толибилмон бо либоси ягонаи мактабӣ таъмин мебошанд.
Дар рафти чорабинӣ Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 200 нафар кӯдакони камбизоат ва ятим либосҳои ягонаи мактабӣ тақдим намуд. Изҳори умед кард, ки ин дӯстрӯякон бо баҳои аъло таҳсил намуда, номбардори миллату Ватан мегарданд ва дар оянда барои ободии кишвари азизамон хидмати шоиста менамоянд.
Дар чорабинӣ нависанда Маъруф Бобоҷон, раиси шӯрои падару модарони мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №8 Рафоат Тошева ва хонандаи гимназияи №1 Дилноза Нурмуҳаммадова сухан карда, миннатдории хешро ҷиҳати дастгирии ҳамаҷониба ва ғамхории беандоза ба давлату ҳукумат баён доштанд.
Бо ҳамин «Ярмарка-фурӯши лавозимотҳои мактабӣ» ба кори худ шурӯъ кард ва он то санаи 1-уми сентябр дар назди бинои Китобхонаи оммавии Тошхоҷа Асирӣ амал мекунад.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин г...
Фирӯза Нуруллозода Фирӯза Нуруллозода Муовини Раиси шаҳрФирӯза Нуруллозода 9 феврали соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акад...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Сол...

Роҳбарони сохторҳо

Алимов У.С. Алимов У.С. Алимов Усмон Собирҷонович 20-уми майи соли 1958 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1979 Донишгоҳи да...
Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Миркамолов М. Н. Миркамолов М. Н. Миркамолов Муҳсин Насруллоевич 10-уми ноябри соли 1959 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1980 Донишгоҳ...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми  августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи пол...
Самадов С.А. Самадов С.А. Самадов Сӯҳробҷон Абдусамадович 29-уми декабри соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1998 филиали ...
Собитова М. А. Собитова М. А. Собитова Мунзифа Аҳмадовна 14-уми  сентябри соли 1960 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ, соли 1982 Донишгоҳи д...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Таҳсилот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев Музаффар Анварович 8 августи соли 1982 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи да...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева Муҳайё Ҳалимовна 28 сентябри соли 1967 дар оилаи хизматчц ба дунё омадааст. Соли 1990 Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Душан...
Мухбира Дониёрова Мухбира Дониёрова Тибқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз 30-юми июли соли равон мудири шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр Мухбира Дони...
Солизода Раҳим Солизода Раҳим Солизода Раҳим Рашидӣ бо қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз моҳи июли соли 2017 ба вазифаи мудири бахши нақлиёт ва алоқа таъин гардид. Солизода Р...
Каримов Манучеҳр Каримов Манучеҳр Каримов Манучеҳр Мухторович бо фармоиши Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2018 бо тариқ...
Усмонова Т. Ҳ. Усмонова Т. Ҳ. Усмонова Таҳмина Ҳасановна 23 октябри соли 1982 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Миллата...
Юсуфӣ У, C. Юсуфӣ У, C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз3035
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта6200
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта22258
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта36839
mod_vvisit_counterҲамин моҳ33326
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта152561
mod_vvisit_counterҲамагӣ4879622