15 Август 2015
Бо мақсади беҳтар намудани сифати даъвати ҷавонон ба сафи Қӯшунҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ,ҳамчунин тибқи супориши Раиси шаҳри Хуҷанд Рачаббой Аҳмадзода ҳафтаи равон гурӯҳи 30 нафараи волидайн аз ҳоли фарзандони худ, ки дар қисмҳои низомии вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи марказ, Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳи хизмат менамоянд, хабар гирифтанд. Гурӯҳи волидайнро намояндагони Мақомоти иҷрояии ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва комиссариати ҳарбии маркази вилоят ҳамроҳӣ намуданд. Онҳо аз 13 қисми низомии дар шаҳрҳои Душанбе, Турсунзода, Қӯрғонтеппа, Хоруғ ва ноҳияҳои ба номи Ҳамадонӣ, А Ҷомӣ ва ғайра дидан намуда, имкон доштанд бо фарзандони худ вохӯрда аз шароити зист, таъмини хӯрокаю ҳаёти сарбозии онҳо бевосита ошно шаванд.
Лозим ба қайд аст, ки барои баргузории ин мулоқот аз ҷониби Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд зиёда аз 18 ҳазор сомонӣ ҷудо гаштааст.