25 Июл 2015

Ҳамчунин бо кӯмаки ихтиёриён соҳили рости дарёи “Сир” аз қисмати варзишгоҳи “Лочин” то интиҳои меҳмонхонаи навбунёд алафҳои дарё ва обсабзҳои соҳил даравида шуда, шохаҳои хушкшуда ва алафҳои худрӯйи байни соҳилу роҳи нақлиётгард тоза карда шуданд. Чунин корҳои ободонӣ дар соҳили чапи дарёи “Сир” аз кӯпруки “Ҷашнӣ” то қади соҳили роҳи Кӯдакистони Президентӣ аз партовҳо ва алафҳои хушкшуда тоза карда шуд. Чунин корҳои ободонӣ ва аз партов тоза кардани соҳили дарё аз кӯпруки марказии шаҳр то меҳмонхонаи “Ленинобод” низ анҷом дода шуд.