25 Июл 2015

Аз пагоҳии барвақт ба унвонии шаҳрдорӣ барои кӯмаки харидории масолеҳи сохтмонӣ 8 нафар, таъмин барои истиқоматии муваққатӣ дар хобгоҳ 4 нафар, ҷойгир намудан дар кӯдакистон 2 нафар, баррасии масалаи гирифтани замини наздиҳавлигӣ 7 нафар, расондани кӯмаки моддӣ 7 нафар, мусоидат барои харидории либоси мактабӣ 2 нафар муроҷиат намуданд.
Ҳамчунин барои ҳалли масъалаҳои гуногун 13 нафар муроҷиат намуданд, ки Раҷаббой Аҳмадзода барои муайян намудани роҳҳои ҳалли онҳо муовинон ва дигар масъулини сохторҳои дахлдорро вазифадор намуд. Ҳамчунин аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти маҳаллӣ ва ба хусус раисони кумитаҳои маҳаллӣ дастур дод, ки бо мардум дар маҳалҳо бештар корҳои фаҳмондадиҳии ҳуқуқиро ба роҳ монда, аз вазъи ҳамарӯзаи маҳаллаи худ огоҳ бошанд.
То нимаи аввали рӯзи қабули шаҳрвандон теъододи муроҷиаткунандагон 55 нафарро ташкил дод.