09 Июл 2015
Дар оғози ҳафтаи равон барои хонандагони болаёқату соҳибистеъдоди шаҳри Хуҷанд басти дуввум оғоз гардид. Тибқи нақшаи Муассисаи давлатии Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди шӯъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд беҳтарин хонандагони соҳибистеъдоди муассисаҳои таълимӣ-ғолибони озмуну олимпиадаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ, байналмилалӣ, ғолибони озмунҳои «Академияи хурди илмҳо», «Техникони наврас» ва хонандагони болаёқату соҳибистеъдод, ки теъдодашон 141 нафарро ташкил медиҳад, дар ин баст ба таътилу фароғат ҷалб карда шуданд. Бо ибтикори Марказ беҳтарин мураббияҳо: олимони ҷавон, устодони донишгоҳҳои вилоят, донишҷӯёни фаъол ва омӯзгорони соҳибтаҷриба бо барномаҳои зеҳнӣ, варзишию ҷисмонӣ ва фароғатию истироҳатӣ барои истироҳати толибилмон тадбирҳои муҳимро роҳандозӣ намуданд. Бо ибтикори соҳибистеъдодон барномаи рангини адабию фарҳангӣ таҳти унвони «Парвози истеъдодҳо» намоиш дода шуд, ки хонандагон бо сурудҳои дилнишини ватандӯстона, рақсҳои мавзун, қироати шеърҳо, навохтани асбобҳои гуногуни мусиқӣ хотири иштирокчиёнро болида гардонданд.
Дар ифтитоҳи басти дуввуми лагери фароғатию истироҳатии «Парвоз» муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Умедахон Бурҳонзода Муродӣ ширкат намуда, барои истироҳати бофароғат бо хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд барору комёбиҳо таманно карданд. Мавриди зикр аст, ки ба табрики толибилмони соҳибистеъдод овозхони шинохта Ғолибҷон Юсупов ташриф оварда, бо сурудҳои дилнишин табъи ҳозиринро болида гардонд.
Лозим ба ёдоварист,ки дар басти аввал хонандагон аз оилаҳои ниёзманд ва ятим давоми 12 рӯз истироҳат намуда буданд.
Барои истироҳати 300 нафар муҳассилини макотиби шаҳр дар ду басти ин истироҳатгоҳ беш аз 70 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷаи шаҳр маблағ ҷудо гардид, ки ин имконият дод кӯдакону наврасон ройгон фароғат намоянд.