01 Июн 2015

Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дар маросими ба истифода додани майдончаи варзишии назди бинои баландошёнаи №162-и маҳаллаи «Тути калон» иштирок намуд.
Майдончаи мазкур бо ташаббуси сокинон ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бунёд гардида, дар он барои бозии футболи хурд, валейбол, баскетбол дар масоҳати зиёда аз 20 метри мураббаъ шароит фароҳам оварда шудааст. Раиси шаҳри Хуҷанд ҳангоми мулоқот доири баргузории чорабинии пуршукӯҳи идона дар Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» ба номи Камоли Хуҷандӣ бо иштироки Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ маълумот дода, таъкид сохт, ки тамоми амалҳои нек ва ғамхории пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати насли оянда, моро водор месозад,ки дар маҳалҳо ин сиёсати сарвари давлатро таҳким бахшем.
Раҷаббой Аҳмадзода барои ин ташаббуси наҷиб ба сокинони хонаи баландошёнаи маҳаллаи мазкур изҳори сипосмандӣ намуда, ба масъулини сохторҳои дахлдори шаҳрдорӣ супориш дод,ки барои васеъ намудани ҳудуди майдончаи варзишӣ, гузоштани таҷҳизоти варзишии иловагӣ барои ҷавонону наврасони ин маҳал мусоидат намоянд.
Лозим ба ёдоварист, ки баъди мавриди истифода додани ин майдонча зиёда аз 100 нафар кӯдакону наврасони биноҳои баландошёнаи мавзеи номбурда имкони машғул шудан ба бозиҳои варзишии гуногунро пайдо намуданд.