30 Май 2015

Вохӯриро Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ифтитоҳ намуда, изҳор дошт, ки ҳама гуна омилҳои номатлуби ҷомеа аз ногоҳии мардум, ба хусус ҷавонон аз оқибатҳои амалҳои ноогоҳона ибтидо мегирад.
Дар ин маврид аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии, Ҷаноби Олӣ, мӯхтарам Эмомалӣ Раҳмон доири боло бурдани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирӣ намудани зуҳуротҳои номатлуб ҳамаҷониба таъкид мегардад. Дар баромади худ сардори шӯъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Эмин Ҷалилов аз ҷумла қайд намуд, ки дар соли 2014 278 нафар ҷавонон ба ҷинояткорӣ даст заданд, ки байни онҳо 22 нафар коргар, 9 нафар пештар судшуда ва 13 нафар бошад донишҷӯёни донишгоҳу донишкада буданд. Дар панҷ моҳи соли равон теъдоди донишҷӯёни ба ҷиноят даст зада ба 10 нафар расидааст,ки ин ҳолати нигаронкунанда масъулини муассисаҳои таълимиро барои андешидани чораҳои судманд водор менамояд.
Баъдан дар назди ҳозирон сокини шаҳри Хуҷанд, Фаррух Шарипов баромад намуд, ки тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ бо мақсади ба гурӯҳхои террористӣ ба давлати Сурия рафта буд. Баъди огоҳ шудан аз мақсади нопоки шахсони ӯро фирефта, бо душворҳои зиёд ба ватан баргашт.
Ин ҷавони гумроҳшуда ба ҳозирон бобати мақсадҳои нопоки гурӯҳхои ифротӣ, аз ислому арзишҳои динӣ дур будани онҳо ва ваҳшиёнати ин нафарон, ки ҳадафашон паҳни ҷангу ҷаҳолат ва даҳшат аст, нақл намуд.
Сипас байни ҷавонон ва Фаррух Шарипов саволу ҷавоб сурат гирифт.
Прокурори шаҳри Хуҷанд Мирзозода Қурбон Тӯйхон аз тамоми фаъолони шаҳр даъват намуд, ки барои пешгирӣ намудани ҳолатҳои ҳуқуқвайронкунӣ бояд ҳама саҳмгир ва фаъол бошанд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода мулоқотро ҷамбаст намуда, изхори умедворӣ намуд, ки ҳар як сокини шаҳр саҳми худро барои боло бурдани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва пешигирӣ намудани ҷинояткорӣ бояд гузорад.