22 Май 2015

Мусобиқаи мазкур таҳти сарпарастии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд доир гашта соли панҷум аст, ки он бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ ва дастгирии Бахши ҷавонон варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд гузаронида мешавад.
Дар оғози чорабинӣ мудири Бахши ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ Бахтиёр Исматҷонов аз номи Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода барои баргузории ин чорабинии оммавӣ ба иштирокдорони ин мусобиқа изҳори сипосмандӣ намуд.
Дар мусобиқа дастаҳои футболбозон аз маҳаллаҳои шаҳр ва дастаҳои «Файзи Расул», «Ином Деҳқонов», «Шапарак», «Сехи қаннодии асалӣ» «Раҳмониён» «Автосервис» бо ҳам қувваозмоӣ хоҳанд кард. Мусобиқаи мазкур 20 рӯзи идома ёфта, ҳамарӯза шаш даста бо ҳам қувваозмоӣ хоҳанд кард.
Лозим ба ёдоварист, ки давоми сол тибқи нақшаи Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ баргузории зиёда аз 30 мусобиқаи футбол аз рӯи шарту меъёрҳои гуногун пешбинӣ гаштааст, ки зиёда аз нисфи он то имрӯз доир гаштааст.