20 Май 2015
Далели ин гуфтаҳо имрӯзҳо бунёд ёфтани ду толори варзишӣ барои хонандагони Гимназия-мактаби №1 ба номи Беҳбудии маркази вилоят ва Литсеи техникии ба номи академик М.Осимӣ аст, ки Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода аз рафти корҳои сохтмонии онҳо боздид ба амаловард.
Бино ба гуфти сарвари Гимназияи №1 Хуршеда Атобоева дар мактаби мазкур 926 хонанда таҳсил карда, шавқу завқашон ба варзиш басо калон аст. Моҳи декбари соли гузашта Раиси шаҳр зимни ташрифаш ба Гимназия арз карда буданд, ки барояшон толори варзишии мусоид намерасад. МИҲД шаҳр дар бунёди он кӯмак расонад. Инак, корҳои сохтмонии толори варзишии муосид вусъати тоза мегирад. Арзиши лоиҳавии бино зиёда аз 900 ҳазор сомонӣ буда, ин миқдор маблағ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ҷудо карда шудааст. Корҳои сохтмониро ҶДММ «Муҳандис» ба ӯҳда дорад. Бино бо масоҳати 12 бар 24 сохташуда дар он тамоми фасли сол имкони гузаронидани бисёр намуд мусобиқаҳои варзишӣ имконпазир мегардад.
Раиси шаҳр аз масъулини сохтмон Ҷаббор Манонов аз рафти корҳои сохтмонӣ, муаммоҳо пурсон шуда, дастур дод то ки бино бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои амалкунанда сохта шавад.
Раҷаббой Аҳмадзода ба сохтмончиён дастур дод то ки сохтмони толори варзиширо то 15 август ба итмом расонанд. То ки дар соли нави хониш ба хонандагон тӯҳфа гардад.
Чунин як толори варзишӣ аз ҳисоби маблағгузории МИҲД шаҳр дар Литсеи техникии ба номи академик М.Осимӣ сохта шуда истодааст, ки корҳои сохтмонии онро Ассотсиатсияи ташкилотҳои сохтмонии «Суғд сохтмонсоз» (раисаш У.Б. Юсуфов) сохта истодааст.
Бино ба гуфти сарвари Гимназия Саноатхон Сангинова ин муассисаи таълимӣ аз надоштани толори варзишӣ мушкилӣ мекашид ва маъмурият ба роҳбарияти шаҳр муроҷиат кард то ки дар сохтмони толори варзишӣ кӯмак расонад.
Баъди таҳияи лоиҳа бо қарори Раиси шаҳр маблағи зарурӣ барои сохтмон - 800 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд ва айни ҳол дар ин ҷо низ сохтмончиён кӯшиш доранд, биноро дар мӯҳлати муқарраршуда –нимаи дуюми моҳи август бо сифати баланд сохта ба истифода диҳанд. Масоҳати ин толор низ 12 бар 24 метр буда ҷавобгӯи талаботҳои амалкунанда мебошад.
Раҷаббой Аҳмадзода аз рафти корҳои сохтмонии ин муассиса низ дидан карда, фикру мулоҳизаҳои худро оид ба сифатнок анҷом додани сохтмон ва ободу зебо намудани атрофии бино баён дошт.
Ёдрас мешавем, ки омӯзгорони ин муассиса то ин дам чанд биноҳоро ба монанди ошхонаву бинои иловагии таълим тариқи ҳашар сохта ба истифода додаанд, ки аз нигоҳи меъмории муосир ба талабот ҷавобӯ нест. Аз ин рӯ, Раиси шаҳр ба роҳбарияти муассисаи таълимӣ дастур дод то ки аз ҳисоби маблағҳои худӣ ба ҷои онҳо биноҳои нави замонавӣ созанд.