18 Май 2015
Нахуст меҳмонон аз намунаи ҳунарҳои халқии ҳизбиёни шаҳр ва порчаҳо аз саҳнаҳои оиладориро дар иҷрои донишҷӯёни толибилмони ҳудуди шаҳр тамошо намуданд.
Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳузури меҳмонони олиқадрро хайрамақдам гуфт. Ӯ аз пуштибонии Саврвари давлат Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмаон ҷиҳати эҳтиром доштан ба оилаву оиладорӣ ва эълон доштани соли 2015 Соли оила ёдовар шуд. Қайд гардид, ки яке аз пояҳои асосии хушбахтии оила ин эҳтирому ҳамдигарфаҳми дар оила аст. Барои ин бояд сатҳи маърифати оиладориро баланд бардошт.
Сипас се оилаи хушбахти шаҳри Хуҷанд- оилаи Иброҳимовҳо, (60 сол зиндагии ҳамҷоя) оилаи Солиевҳо, (45 сол зиндагии ҳамҷоя) ва оилаи Неъматҷоновҳо (40 сол зиндаги ҳамҷоя) аз рӯзгори худ нақлҳои ҷолиб намуда, баён доштанд, ки сирри хушбахтӣ дар оила ин пеш аз ҳама дар тифоқиву ҳамдигарфаҳмӣ аст. Ҳар кадоме аз ин оилаҳо соҳиби чандин набераву абера буда, фарзандҳояшон дар муҳити созандагӣ ба камол расидаанд ва дар соҳоти гуногуни хоҷагии халқ заҳмати беш мекашанд.
Шеъру суруд дар васфи бузургии модар ва зан дар иҷрои ҳофизони хушовоз Махками Баҳридин, Рустам Дадоҷонов, саҳначаҳо аз рӯзгори оилаҳои тифоқ аз ҷониби устодон ва донишҷӯёни Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техники Тоҷикистон ба маҳфил таровати дигаре зам намуд.
Марям Исоева барои баргузории чунин як чорабинии бошукӯҳ ба кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ва МИҲД-и шаҳр изҳори сипос намуда, баён дошт, ки оилаи солим аз ҷомеаи солим бармеояд. Имрӯз мо дидем, ки чи гуна ҷавонон бо шеъру тарона модарони худро шодбош гуфтанд. Мавсуф аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки ҳаргиз бадиро ба якдигар раво набинанд. Муҳаббати беолоишро тараннум кунанд. Номбурда овони бачагии худро ба ёд оварда, ҳатто қайд кард, ки муҳити хонаводагияшон имкон дод, то онҳо чун ҳунарманд ба ин халқ хидмат карда бошанд. Ба андешаи Марям Исоева танҳо муҳаббати пок оиларо сарҷамъ ва ба суи нур раҳнамо менамояд.
Дар фарҷом ба се насли оилаҳои хушбахт, ки дар боло зикрашон рафт аз ҷониби раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода, муовини Раиси ҲХДТ Раъно Бобоҷониён ва муовини Раиси КИВ ҲХДТ Анвар Ҷалилов тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.