15 Май 2015

Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода иштирокчиёни чорабиниро бо Рӯзи оила табрику таҳният гуфта, оиларо ячейкаи ибтидоии давлат номид. Вай гуфт, ки ҷомеаи солим аз оилаи солим ибтидо мегирад ва аз ин рӯ, ҳамагонро лозим аст, ки дар солим нигоҳ доштани оила, тарбияи фарзандон дар руҳияи ахлоқҳои ҳамидаи инсонӣ бикӯшанд.
Дар шаҳри мо даҳҳо оилаҳои барӯманд ҳастанд, ки худ замоне дар пешрафту гул-гулшукуфии кишвар хизмати шоиста кардаанду имрӯз бошад, фарзандону пайвандони онҳо ба ҷомеа хизмати шоиста мекунанд,- гуфт Раиси шаҳр,- оилаҳои Қаҳрамони меҳнати Сотсиалистӣ Ҳамроҳ Тоҳирова, ходими давлатию ҷамъиятӣ Биҳоҷал Раҳимова, бофандаи пешқадам Мағфират Дадобоева, табиби номӣ Марҳамат Сайдуллоева ва даҳҳо дигарон, ки барои оилаҳои ҷавон намунаи ибратанд.

Суруду таронаҳо дилангези ҳофизони писандида Муҳиддин Ғозиеву Носир Раҳимов, Абдумавлон Дадобоеву Абдураҳмон Абдураҳмонов табъи ҳозиринро болида дошт. Ҳамзамон аз ҷониби ҳунармандони Театри ба номиХоҷа Камол саҳнача аз рӯзгори як оила нишон дода шуд.
Ба оилаҳои барӯманд тӯҳфаҳои хотиравии МИҲД шаҳрро Раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода тақдим кард.