15 Май 2015

Ёдовар мешавем, ки мумфаршкунии кӯчаи ба номи А.Раҳимбоев, ки имрӯз оғоз ёфт, дарозиаш зиёда аз 1 км аст. Раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода барои шиносоӣ аз рафти корҳои мумфаршкунии ин кӯча боздид ба амал овардва бо аҳолии ин маҳаллаи қадимаи шаҳр сӯҳбати гарму самимӣ орост. Мо бояд ҷавобан ба ғамхориву дастгириҳои Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯшиш намоем, ки дар маҳалҳо сиёсати хирадмандонаву созандаи он касс татбиқ карда шавад,- гуфт Раиси шаҳр ба аҳолӣ,-хусусан дар пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои характери экстремистӣ дошта чораҳои таъхирнопазир андешед.
Ёдовар мешавем, ки дар соли навбатии «Роҳҳи обод» дар миқёси шаҳр тибқи нақша 100 ҳазор мураббаъ метр кӯчаҳо таъмиру мумфарш шаванд, ки ба санаи имрӯз 27 ҳазор мураббаъ метр, яъне 27 фисади дурнамо иҷро шудааст.