14 Май 2015

Бино ба гуфти роҳбари Марказ Роҳат Шодибоева айни ҳол наздик 30 нафар кормандон барои пешгирии аҳолии шаҳр аз гирифторшавӣ ба касалии сил мубориза мебаранд.
Раиси шаҳр зимни шиносоӣ бо рафти таъмир ба роҳбари ширкати сохтмонии «Авитсена» Парвиз Ҷӯраев дастур дод то ки таъмирро хушсифат ба ҷо оранд. Бояд тазаккур дод, ки аз ҳисоби буҷаи шаҳр барои таъмири лабаратория, даромадгоҳи Марказ ва баланд бардоштани девори атрофи он 150 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда шудааст. Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулин супориш дод то ки барои бомпӯш кардани боми бино ва сохтмони даромадгоҳи лабараторияи рентегнӣ маблағҳои зарурӣ ҷудо карда шавад. Ҳамзамон бо истифода аз захираҳои дохилӣ хатти ташноб нав карда хоҳад шуд.
Раиси шаҳр зимни шиносоӣ бо шароити корӣ ба табибон тавсия дод то ки барои боз ҳам кам намудани теъдоди беморони сил чораҳо таъхирнопазир андешанд. Хусусан, корҳои тарғиботию ташвиқотиро байни аҳолӣ хубтар ба роҳ монанд.
Ёдрас мешавем, ки ба санаи имрӯз дар шаҳри Хуҷанд 221 нафар гирифторони бемории сил ба қайд гирифта шудаанд. Ин нишондод бино ба гуфти роҳбари Марказ аз соли 2010 инҷониб дар як сатҳ қарор дорад. 2 сол муқаддам бошад, аз ҳисоби фонди глобалӣ ба Марказ таҷҳизоти муайянкунандаи касалии сил «Ҷимэксперт» харидорӣ карда шудааст.