11 Май 2015
Маҷалла бо ибтикори муассисон он,- эҷодкорони ҷавон Рустамҷон Ҳоҷибоев, Далер Урунов ва журналисти шинохта Мирзоаъзам Мақсудов таъсис ёфта, моҳе як маротиба нашр хоҳад шуд.
Мақсади аҳли қалами ин маҷаллаи навтаъсис, нашри маводи маърифатӣ, фарҳангӣ ва тарғиботии маркази вилоят буда, ройгон тақсим мегардад.
Шумораи нахустини он ба рўйдоди муҳими таърихӣ- 70 солагии Ғалабаи бузурги халқи советӣ аз болои Германияи фашистӣ бахшида шуда, бештари мавод ба ин сана бахшида шудааст. Аҳли эҷоди маҷалла ният доранд, дар оянда доираи фарогирии мавзўъҳоро васеъ сохта на танҳо маводро аз маркази вилоят, балки берун аз он низ дарҷ созанд.