(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Номи боз ду нафар иштирокчиёни ҷанг абадӣ гардид.Дар маркази вилоят дар доираи ҳафтаи поси хотир чорабиниҳои мухталиф доир мегардад. Тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд имрӯз бахшида ба таҷлили 70 солагии Иди Ғалаб ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба гузоштани лавҳаи ёдгории иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ Зарипов Усмон дар кӯчаи Сергей Миронович Киров ва номгузорӣ намудани мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №2-шаҳри Хуҷанд ба номи иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Осимов Зайниддин баргузор гардид.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дар чорабиниҳои номбурда иштирок намуда, суханронӣ намуд.
«Бо шарофати сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, абадӣ гардонидани номи шаҳидон ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, гузоштани муҷассамаю лавҳаҳои хотиравӣ, номгузории кӯчаю мактабҳо ба ҳукми анъана даромадааст. Солҳо сипарӣ мешаванд, асрҳо мегузарад, наслҳои дигар меоянд, вале шуҷоату матонат, ҷасорату қаҳрамонӣ, ҷоннисориҳои мардони шуҷои Шӯравӣ дар майдонҳои набард барои ҳар ваҷаб хоки муқаддаси Ватан аз саҳифаи таърих, аз ёди мардуми шарифи олам ҳаргиз фаромӯш намешавад.» қайд намуд Раиси шаҳри Хуҷанд.
Ходими намоёни ҷамъиятӣ, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 Зарипов Усмонҷон моҳи майи соли 1912 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Ӯ фаъолияти меҳнатии худро аз соли 1935 пас аз хатми донишгоҳи Осиёи миёнагии шаҳри Тошкент дар кумитаи комсомолии шаҳри Ленинобод оғоз намудааст. Сипас ба сифати котиби ташкилоти комсомолии комбинати абрешими шаҳри Ленинобод дар вазифаҳои сардори шуъбаи техникӣ, ҷонишини раиси кумитаи иттифоқи касаба ва раиси иттифоқи касабаи ин коргоҳ кор кардааст.
Солҳои 1941-1945 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хизмат намуда зидди фашистони немис мардонавор ҷангида соҳиби ордену медалҳои ҷангӣ гардидааст. Соли 1946 пас аз баргаштан аз сафи армия фаъолияти меҳнатиашро дар комбинати абрешимбарорӣ идома дода то соли 1948 котиби ташкилоти ҳизбӣ фаъолият бурдааст. Соли 1951 ба заводи равғанбарории шаҳри Ленинобод директор таъин гардида, наздик 20 сол дар ҳамин  вазифа пурсамар ва содиқона меҳнат намуда, соли 1979 ба нафақа баромадааст. Пас аз ба нафақа баромадан дар кумитаи маҳаллаи 1-майи шаҳри Хуҷанд фаъолият бурда барои ободонӣ ва некуаҳволии мардум пайваста заҳмат кашидааст.
Усмонҷон Зарипов барои иштирок дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, меҳнати садоқат-мандона дар соҳаҳои мухталифи халқ, корҳои пурсамари ҷамъиятӣ ва заҳматҳои бисёрсолааш бо орденҳои «Ситораи Сурх», «Ҷанги ватанӣ» -и дараҷаи якум, чандин медалҳо, ифтихор- номаҳои ҳукуматии собиқ иттиҳоди шуравӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои ҳизбии шаҳру вилояти Ленинобод сарфароз гардонида шудааст ва моҳи августи соли 1993 вафот кардааст.
Дар лаҳзаи тантанавӣ Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода парда аз рӯи лавҳаи ёдгорӣ бардошт.
Сипас раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Хуҷанд Ҳошим Осимов, фарзанди Зарипов Усмон - Зарипова Манзура омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик ва набераи зарипов Усмон - Зарипова Шаҳноза омӯзгори мактаби хусусии ба номи Гёте-и шаҳри Хуҷанд доири қадрдонии ин  шахси шуҷоатманду меҳнатдӯст изҳори сипос намуданд.
Ҳамчунин дар асоси  Қарори Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати чорум аз 25 декабри соли 2014, № 531 мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №2-и шаҳри Хуҷанд ба номи иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Зайниддин Осимов  гузошта шуда аст, ки ба ин мунсибат низ дар мактаби номбурда ҳамоиши хотиравӣ баргузор гардид.
Зайниддин Осимов 14 майи соли 1914 дар оилаи зиёӣ таваллуд ёфтааст. Баъди хатми мактаб, соли 1936 факултети химия ва табиатшиносиро хатм намуда, дар худи донишкада меҳнати педагогӣ ва илмиашро оғоз намуда дар вазифаҳои ассистент- тарҷумон, ассисент, сармуаллими кафедра ва муовини декани факултети табиатшиносӣ фаъолият бурда, дар пешрафти муҳити илмиву таълимии ин боргоҳи бонуфуз саҳми босазои худро гузоштааст.
Дар корҳои илми-тадқиқоти ва сохтани лущатҳои терминологи ҳам Осимов Зайниддин ҷалб шуда буд. Дар маълумотҳои кафедра навишта шудааст, ки Осимӣ аз соли 1938 дар лабараторияи донишгоҳи шаҳри Самарқанд тадқиқот бурдааст ва соли 1939 ноиб декани факултети табиатшиносӣ таъин крда шудааст. Соли 1942 ҳачун аъзои комиссияи имтиҳон-қабулкунӣ дар институти хоҷагии қишлоқ ширкат варзида соли 1938 ӯ ба тарҷумаи китоби дарсии «Химияи органикӣ» аз забони русӣ ба забони тоҷикӣ машщул мешавад ва онро ба итмом расонида соли 1941 ба чоп месупорад.
Баробари огози ҷанг ӯ аз аввалинҳо шуда барои ҳимояи ватан меравад. Заӣниддин Осимов 17 июни соли 1944 дар задухурди шадиди ҷанги Бузурги Ватани маҷруҳ мешавад ва ӯро дар посёлкаи Заходскоеи шаҳри Виборг хамчун командири 109 полки тирандозӣ, офитсер ва қаҳрамон дафн мекунанд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Ахмадзода таъкид намуд, ки хизматҳои ин  олим, муаллим ва ҷанговар дар  таърихномаи миллати мо абадан номнавис шудааст.
Рачаббой Аҳмадзода бо ҳамроҳии пайвандони Зайниддин Осимов парда аз рӯи лавҳаи ёдгории номгузорӣ шудани ин мактаб бардошта, кулли ҳозиронро бо ҷашни фархундаи ғалаба табрик намуд.
Хоҳари Осимов Зайниддин – Башорат Осимова датсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, ва фарзанди ҷанговари шаҳид,- Осимов Акмал дотсент номзади илмҳои физика математикаи донишкадаи политехникии донишгоҳи техники тоҷикӣ ба номи Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд аз хотираҳои неки пайвандони худ бобати зиндагӣ ва амалҳои шоистаи пайванди худ ёдоварӣ намуда, барои посдории номи Зайниддин Осимов изҳори сипос намуданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин г...
Фирӯза Нуруллозода Фирӯза Нуруллозода Муовини Раиси шаҳрФирӯза Нуруллозода 9 феврали соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акад...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Сол...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Миркамолов М. Н. Миркамолов М. Н. Миркамолов Муҳсин Насруллоевич 10-уми ноябри соли 1959 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1980 Донишгоҳ...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
Самадов С.А. Самадов С.А. Самадов Сӯҳробҷон Абдусамадович 29-уми декабри соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1998 филиали ...
Собитова М. А. Собитова М. А. Собитова Мунзифа Аҳмадовна 14-уми  сентябри соли 1960 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ, соли 1982 Донишгоҳи д...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Таҳсилот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев Музаффар Анварович 8 августи соли 1982 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи да...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Мухбира Дониёрова Мухбира Дониёрова Тибқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз 30-юми июли соли равон мудири шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр Мухбира Дони...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...