05 Май 2015
Имрӯз чунин чорабинӣ бо иштироки шаҳрвандони фахрии шаҳри Хуҷанд ва собикадорони соҳаи тандурустии вилояти Суғд баргузор гардид.
Дар он муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорова, Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Ахмадзода иштирок намуданд.
Назира Ғаффорова кулли иштирокдорони ин ҷамъомадро бо фарорасии Иди Ғалаба аз номи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ табрик намуд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дар баромади худ доири саҳми кормандони тиб ва шахсони дар соҳа садоқатмандона хизмат намударо бо санаи фархундаи ватандорӣ табрик намуд. Дар ҷамомад ҳунармандони шинохта бо барномаи ҷолиби консертӣ ҳунарнамоӣ намуданд.