21 Апрел 2015
Соли ҷорӣ таъмири кӯчаҳои шаҳри Хуҷанд соли 2015 низ идома ёфта, давоми соли равон наздик 100 км роҳи кӯчаҳои марказӣ ва маҳаллаҳои шаҳр аз таъмири пурра ва ҷорӣ бароварда мешаванд. То имрӯз ба ғайр аз кӯчаҳои зикргардида, назди бинои 162-и хиёбони ба номи Исмоили Сомонӣ дар масохати 500 метри мураббаъ асфалтпӯш гардида, майдончаи варзишии назди бинои 83-и хиёбони мазкур бошад мумфарш ва шароит барои бозии кӯдакон фароҳам оварда шудааст. Бештари корҳоро дар ин самт Идораи роҳсозии шаҳри Хуҷанд бояд ба анҷом расонад. Роҳсозони маркази вилоят ҳамарӯза дар мавзеҳои шаҳр бо ҷалби мутахассисони роҳ ва воситаҳои техникӣ фаъолияти пурмаҳсул доранд.